Ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон соҳиби ҷои якуми Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин ҳисобида шуд

Ноябрь 27, 2019 10:02

ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин ҷараён дорад.

Ин тасмим бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар робита ба ин дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон Озмуни шаҳрак ва деҳоти  беҳтарин баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз гузаронидани Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, корҳои ободонию бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон  дар ҳудуди ноҳия мебошад.

Бо назардошти корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти муосир ва тибқи хулосаи аъзои комиссия ҷои якум насиби Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва ҷои дуюм насиби Ҷамоати деҳоти Бунҷикат гардид.

Ноябрь 27, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад