Қариб 80 фоизи деҳоти ноҳияи Дарвоз бо оби нӯшиданӣ таъмин гардидаанд

Ноябрь 11, 2019 16:35

ХОРУҒ, 11.11.2019 /АМИТ«Ховар»/. Сокинони деҳаи Даштаки ҷамоати Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз пас аз чанд соли интизорӣ соҳиби оби поки нӯшиданӣ гардиданд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳоти мазкур Шаҳригул Бодурова, қаблан сокинони деҳа аз оби як чашмаи кӯҳӣ истифода мекарданд, ки талаботи аз нисф камтари онҳоро қонеъ мекард. Дар деҳоти атроф ҳам захираи об мавҷуд набуд. Ягона деҳа, ки захираи фаровони оби ошомиданӣ  дорад, ин деҳаи Зев аст, ки дар масофаи 14 километр дур ҷойгир аст. Бинобар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи барои ҳалли ин масъала ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд. Бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи рушди манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 730 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба уҳдаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Румайсо» гузошта шуд. Барои зудтар ба охир расондани хати интиқоли об худи сокинони деҳа низ ба коргарон кумак расониданд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳот, барои сарфакорона истифода бурдани оби ошомиданӣ дар манзили сокинони деҳа ҳисобкунакҳо васл карданд. Маблағе, ки ба даст меояд, барои таъмиру тармими ҳавзи нигоҳдории об ва шабакаҳои обрасонӣ сарф мешавад. Зеро сокинони он деҳоте, ки ҳисобкунак надоштанд, ҳангоми таъмиру тармим бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Баъди ҳар як садама  дар қубурҳои обгузар ё худ ҳавзи нигоҳдории об бо сабаби надоштани маблағи кофӣ як ё ду моҳ мардум бе об мемонданд. Аммо он деҳоте, ки ҳисобкунаки об доранд, аз суратҳисоби худ маблағи заруриро гирифта, дар зудтарин фурсат мушкилашонро ҳал мекунанд.

Айни ҳол қариб 80 фоизи деҳоти ин ноҳия бо оби поки нӯшиданӣ таъмин мебошанд.

Ноябрь 11, 2019 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд