Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии тарки тамоку бахшида мешавад

Ноябрь 21, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии даст кашидан аз тамоку таҷлил мегардад. Соли равон ин сана ба 21 ноябр рост омад.

Агар ба пайдоиши ин ид назар афканем, он соли 1977 аз ҷониби Ҷамъияти саратоншиносони Америка ташкил карда шудааст. Даст кашидан аз тамоку ва ё маҳдуд намудани истеъмоли он яке масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба нигаронӣ овардаанд.

Тибқи иттилои  Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва  фавти аҳолӣ ба шумор меравад. Мутобиқи маълумоти ин ташкилот, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин масъала таваҷҷуҳи махус зоҳир намуда, таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар ин самт ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омадаанд.

Тамокукашӣ одат аст, орзую ҳавас ва ё беморӣ? Истифодаи маҳсулоти тамоку ба занҳои ҳомила, бахусус тифли дар батни онҳо буда чӣ пайомад дорад?  Оё метавон тамокуро модари бемориҳо номид?

Мутахасcиси соҳа ба  ин ва дигар саволҳои   вобаста ба ин мавзӯъ дар барномаи  “Дармон” ба  шумо   маълумот медиҳад.

Ин барномаро имрӯз, 21 ноябр, соати 09:30 (асл) ва такроран соатҳои  17:30 ва  21:30  метавонед аз Радиои «Ховар» дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода бишнавед.

Ноябрь 21, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад