Дар Душанбе лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»-ро муаррифӣ намуданд

Ноябрь 14, 2019 14:49

ДУШАНБЕ, 14.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»  ҳамоиш доир гардид. Дар он лоиҳаи нав — «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» муаррифӣ гардид.  Лоиҳаи  мазкур  аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд дастгирӣ ёфта,  18 декабри соли 2018  аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидааст. Тарҳрезии лоиҳаи зикршуда бо ҷалби мушовирони байналмилаливу маҳаллӣ амалӣ гардида, татбиқи амалии он соли 2020 дар назар аст. Тарҳрезии лоиҳаи мазкур зери назорати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Точикистон ва Гурӯҳи идоракунии лоиҳа қарор дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими рӯнамоии лоиҳаи мазкур  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода, миссияи Бонки Осиёии Рушд, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Эмин Сангинзода, роҳбари намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Прадип Сривастава, намояндагони вазорату кумита, идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Сумангул Тағойзода зикр кард, ки лоиҳаи нав — «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии  мамлакат, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо мусоидат хоҳад кард.

С.Тағойзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии мамлакатро яке аз самтҳои стратегии тараққиёти ҷумҳурӣ муаррифӣ намуданд, ки омодасозиии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо аз роҳҳои асосии расидан ба ин ҳадаф мебошад. Дар ин зимн  лоиҳаи  мазкур  яке  аз тадбирҳои  муҳим ва саривақтӣ барои Тоҷикистон маҳсуб шуда, баҳри манфиатҳои миллию давлатӣ дар мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастовардҳои илмию техникӣ, афзоиши ҳиссаи мутахассисони баландихтисос  дар иқтисодиёт, такмили малакаи бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба талаботи воқеии бозори меҳнат ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои  ҷумҳурӣ равона шудааст.

Зимни рӯнамоии лоиҳа ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи он ба масъалаҳои баланд бардоштани шуғли ҷавонону занон, ҷалб  ва дастрасии қисмати осебпазири аҳолӣ ба таҳсилоти касбӣ ва дастгирии муҳоҷирон диққати махсус зоҳир намуда, дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат хоҳад хоҳад намуд.

Аз ҷумла, дар доираи ин лоиҳа бунёди 3 маркази рушди малакаҳо ва шуғл дар шаҳрҳои Душанбе (соҳаи туризм ва хизматрасонӣ), Роғун (бахши  энергетика) ва ноҳияи Данғара (самти кишоварзӣ)  ва 3 маркази  муҳоҷират дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст. Дар марказҳои рушди малака ва шуғл мутахассисон вобаста ба талаботи истеҳсолоти кунунӣ тайёр карда мешаванд. Дар марказҳои муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар омода карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки омода намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, шиддатнокӣ дар бозори меҳнат ва кам намудани осебпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон  аз омилҳои беруна мусоидат хоҳад намуд. Бояд гуфт, ки ба ин  масъалаҳо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон   то соли 2030 афзалиятҳо дода шудааст.

Ноябрь 14, 2019 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он