Дар Душанбе масъалаи таҳаммулгароӣ ва плюрализм ҳамчун воситаи пешгирии экстремизм баррасӣ карда шуд

Ноябрь 26, 2019 14:55

ДУШАНБЕ, 26.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар ҷодаи мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои хатарзо тадбирҳои таъхирнопазир андешид. Ин нукта зимни семинари машваратӣ  дар мавзӯи «Таҳаммулгароӣ ва плюрализм ҳамчун воситаи пешгирии экстремизм, ҳамкории устувори ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ барои пешгирии экстремизм», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, семинари мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону коршиносон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории семинар рушди фаъолнокии сиёсии ҷавонон ва пешгирии экстремизм, ба роҳ мондани ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон мебошад.

Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов оид ба сиёсати бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи мубориза бо терроризму экстремизм сухан гуфта, иштирокдорони семинарро ба дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ ва  муттаҳидӣ даъват намуд.

«Натиҷаи сиёсати дурбинонаи пешгирифтаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат буд, ки яке аз марказҳои таҳлилии амрикоӣ дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин мамлакати олам ҷой дод»,- афзуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаи ибтикороти байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пойтахти мамлакат тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Яке аз мисолҳои равшани ин гуфтаҳо Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» аст, ки моҳи майи имсол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Иштирокдорони семинар ибтикороти Тоҷикистонро дар ҷодаи пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд  ва онро натиҷаи сиёсати бобарори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Зимнан, дар мамлакат якчанд санадҳои муҳим, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода зикр намуд, ки «ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва олии мамлакат ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла даст задан ба амалҳои террористиву экстремистӣ тадбирҳои таъхирнопазир меандешанд».

Аз ҷумла, — гуфт мавсуф, омӯзгорон дар раванди фаъолияти ҳамарӯзаи худ оид ба ҳадафу нақшаҳои Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб сухан карда, хонандагону донишҷӯёнро  ба муттаҳид будан дар зери сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд.

Дар семинар масъалаҳои пешгирии терроризму экстремизм ва зарурати ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, зарурати ташаккули фарҳанги таҳаммулгароӣ ва плюрализм дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайра баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ дар ин ҷода муҳим арзёбӣ карда шуданд.

Ноябрь 26, 2019 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид