Дар вилояти Хатлон Форуми якуми занони сарвар баргузор гардид

Ноябрь 30, 2019 09:34

ДУШАНБЕ, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи занон” Форуми якуми  занони сарвари вилояти Хатлон доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Форуми занони сарвар ба 20-солагии қабули Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бахшида шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз намунаҳои чакану гулдӯзиҳои бонувони ҳунарманди 25 шаҳру ноҳияи вилоят таҳия шуда буд, дидан намуд. Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки дар вилоят ҳамасола мунтазам фестивалу озмунҳо, намоишҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ сурат мегиранд, ки баҳри рушд ва ҳифзу густариши мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мусоидат мекунанд.

Аз ҷониби раиси вилоят ба бонувони фаъолу собиқадор Латофат Шарипова — собиқ муовини раиси вилояти Хатлон, Гавҳарбӣ Пиракова Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Саодат Амиршоева-  аввалин генералзани тоҷик, Латофат Сироҷева- омӯзгори собиқадор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Табассум Тағоева- доктори илмҳои филология, профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Зайнура Мӯсоева- депутати Совети Олии СССР гулдастаҳо тақдим карда, ба онҳо барои хизматҳои шоёнашон ба халқу ватан изҳори сипосу офарин хонд.

Сипас, дар толори театр қисми тантанавии Форуми якуми занони сарвари Хатлон ифтитоҳ гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузории Форуми якуми занони сарвари вилояти Хатлонро бахшида ба 20-солагии қабули Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба ҳамаи иштирокчиён муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуд.

-Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода.

«Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардониданд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне ба онҳо майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт»,-гуфт мавсуф.

Раиси вилоят бо ифтихор аз бонувони фаъоли хатлонӣ Низорамоҳ Зарифова, Адолат Раҳмонова, Турсуной Алимардонова, Руқия Қурбонова, Ситора Шерзода, Раъно Каримова, Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, Махфират Хидирзода, Раъно Раҳимзода, Фирӯза Шарифӣ, Маърифат Зоирзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Заррина Давлатзода, Зебо Сатторова, Саодат Сироҷева, Аслбӣ Наврӯззода, Фариза Абдуллозода, ҳунарпешаҳои шуҳратёр Муқаддас Набиева, Марям ва Сайрам Исоеваҳо, Адолат Комилова, Меҳриннисо Ҳоҷибоева, рӯзноманигорону адибон Шарифамоҳи Кишвардухт, Ҳуриннисо Ализода, Хосият Вализода, Робияи Холмирзо, Асалмо Сафарова, Нуриннисо Муртазоева, Туҳфа Аҳмадова, Офоқ Қодириён ва дигарон ном бурд, ки дар рушди арсаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд.

Мавриди зикр аст, ки 49,7 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил дода, намояндагии шоистаи онҳо дар мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шуда, 1 нафар зан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят, 181 нафар вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 616 нафар вакили маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

То имрӯз шумораи занони роҳбар дар вилояти Хатлон ба 6 ҳазору 586 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як ҳазору 70 нафар бештар аст.

Аз 2549 воҳиди кории хизматчиёни давлатии амалкунанда дар 439 воҳиди корӣ занон фаъолият доранд. Аз ин шумора 190 нафар занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ айни замон фаъолияти босамар доранд.

Соҳаи маорифи вилоятро бе иштироки занон тасаввур кардан мумкин нест. Дар ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа, ки заминагузори ташаккули неруи бузурги инсонӣ мебошад, шумораи занону модарони мо зиёда аз 50 фоизро ташкил дода, бо меҳнати шабонарӯзии хеш баҳри ташаккули шахсиятҳои комил, ворисони арзандаи сарзамину миллат, фарзандони бонангу номус саҳми калон гузошта истодаанд.

Меҳрубонӣ ва самимияти зан — омӯзгор, ки бо серталабӣ ва сахтгирӣ якҷо мешавад, баҳри ба камол расонидани волотарин сармояи ҷомеа – инсони комил нақши калидӣ дорад.

Дар пешбурди фаъолияти соҳаи тандурустии вилоят низ мавқеи занон меҳварӣ буда, теъдоди онҳо дар ин соҳа 72,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар идомаи кори Форуми якуми занони сарвари Хатлон чанде аз бонувони фаъол, собиқадор, эҷодкорон доир ба иштироки занон дар арсаҳои мухталифи хоҷагии халқ сухан гуфтанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба чанде аз бонувони фаъол Ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим кард.

Барномаи пурмуҳтавои консертию адабӣ, ки ҳунарпешаҳои маъруфи вилоят омода карда буданд, идомабахши қисмати дувуми Форуми якуми бонувони сарвари вилояти Хатлон буд.

Ноябрь 30, 2019 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад