Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» — ташаббуси нави муштарак барои рушди кино дар Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2019 08:54

ДУШАНБЕ, 8.11.2019./АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали филмҳои тоҷикӣ бо супоридани ҷоизаи  миллии кино- «Лолаи тиллоӣ» дар соҳаи синамо баргузор мегардад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур аз ҷониби Маркази фарҳангии “Бохтар” ва Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барпо мегардад.

Ба ғолибони фестивал аз рӯи чаҳор бахш- беҳтарин филми пурра, беҳтарин филми кӯтоҳмуддат, беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ ва барои саҳми арзанда дар рушди кинои миллӣ диплом ва ҷоиза тақдим карда мешаванд.

Ба фестивали мазкур филмҳои кинематографистони тоҷике, ки давоми солҳои 2018-2019 истеҳсол шудаанд, манзур карда мешаванд. Ҳайати эҷодии филм, аз қабили муаллифи филмнома, коргардон, рассом, оҳангсоз ва наворбардор бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Ҳамчунин филмҳо бояд мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таҳия шуда, меъёрҳои ахлоқӣ дар онҳо риоя шуда бошанд.

Барои баҳогузорӣ ба кори филмсозон коршиносони байналмилалӣ аз чор давлати ҷаҳон, ки бо ҷиҳатҳои рушди кинои Осиё шинос ҳастанд ва омодаанд тавоноии кори синамогарони тоҷикро омӯзанд, даъват шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Фестивали филмҳои тоҷикӣ бо супоридани ҷоизаи  миллии кино- «Лолаи тиллоӣ» 25 ноябр оғоз гардида, 1 декабр ҷамъбаст мегардад. Мақсад аз баргузории фестивал  ҳавасманд гардонидани муаллифони беҳтарин кинои тоҷик ва тарғиби онҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд то 25 ноябр ба сомонаи “Тоҷикфилм”- tojikfilm.tj ворид шуда, саволномаро ҷиҳати иштирок дар фестивал пур намоянд.

Ноябрь 8, 2019 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад