Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Ноябрь 15, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат баргузор гардиданд, анҷом ёфтанд. Ба ин муносибат шоми 14 ноябр дар шаҳри Душанбе консерти муштарак таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек баргузор гардид.

Барномаро муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Одилзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти сарони олимақоми ҳарду давлат баргузор гардиданд. Тайи чанд рӯзе, ки ҳунармандони ӯзбек дар мамлакати мо ҳунарнамоӣ намуданд, он ба як падидаи гуворои фарҳангӣ мубаддал гардид».

Дар тақвияти суханони муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов  иброз дошт, ки «мардумони тоҷик ва ӯзбек аз қадим дар ҳамсоягиву бародарӣ зиста, урфу одат, анъана, тарзи рӯзгордории ягона доранд. Дар дунё мисли тоҷику ӯзбек дигар ду халқе нест, ки то ин андоза ба ҳам дӯсти наздик бошанд».

Сипас барномаи муштараки консертӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов,  ансамбли «Мақом» ва ансамбли рақсии «Тошкент зеболари» ҳунари волои худро манзури бинандагон намуданд.

Аз Тоҷикистон ҳунармардони маъруфи мо- Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Нигина Амонқулова, Бахтиёр Иброҳимов ва дигарон ба барномаи «Шоми дӯстӣ» таровати дигар зам намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон 11 ноябр шурӯъ гардида буданд. Дар ин муддат барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва ноҳияи Данғара доир шуданд. Ба ин барномаҳо ҳамчунин намоиши расмҳо ва аксҳо  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва барномаҳои консертӣ ҳамроҳ буданд.

Ҳамчунин ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ аз мавзеъҳои ҷолиби  мамлакат, аз қабили Осорхонаи миллии бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии Боғи Ирам, Боғи Алишер Навоӣ ва Боғи Куруши Кабир  дидан намуданд.

11 ноябр дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири фарҳанги ин давлат Бахтиёр Сайфуллоев ва ҳайати расмии Рӯзҳо вохӯрӣ анҷом дод.

13 ноябр ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ бо роҳбарии Сафири Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуд.

Ин бори дуввум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мамлакати мо гузаронида мешаванд.

Ноябрь 15, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон оғоз гардид
Дар Минск консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор мегардад
ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад