РАСИДАГӢ БА МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН – ДАР МАДДИ АВВАЛ. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо иштироки ҳайати Равзанаи ягона Рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор намуд

Ноябрь 30, 2019 12:37

ДУШАНБЕ, 30.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо иштироки ҳайати Равзанаи ягона дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ Рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мавриди зикр аст, ки 29 нафар шаҳрвандон ба шаҳрдори Ҳисор ҷиҳати ҳалли масъалаҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмиру тармими роҳҳо, баҳсҳои оилавӣ ва дигар масоили мавҷуда муроҷиат карданд.

Шарифҷон Ҷумъазода аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, зикр дошт, ки дар Ҳисор, хусусан дар деҳот ҳанӯз  масъалаю  муаммоҳои ҳалталаб зиёданд ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Дар ин замина ба роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастур дода шуд, ки ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд. «Расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандони бояд дар  авлавияти фаъолияти роҳбарони идораю муассисаҳои шаҳр  бошад», — гуфт Раиси  шаҳри Ҳисор ва  таъкид дошт, ки эътибор ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ба масъулин бобати ҳалли саривақтии муроҷиатҳо як моҳ муҳлат дода шуд.

Сипас раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз рафти бунёди иншооти ҷашнӣ, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии тиббӣ, истифодаи оқилонаи замин, вазъи роҳҳо ва  омодагии хоҷагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон дидан намуда, баъдан бо фаъолони ҷамоат мулоқот баргузор намуд ва  бори дигар вазъи фаъолият, иҷрои нақшаҳои соҳавӣ ва дурнамои ояндаи амалро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи Равзанаи ягона аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

Хотиррасон менамоем, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар сароосари мамлакат тибқи дастури Сарвари давлат ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба роҳ монда шудааст.

Ноябрь 30, 2019 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад