Саводи расонаӣ: шахс дар муҳити иттилоот бояд чӣ гуна бошад?

Ноябрь 21, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 21.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асри 21 ҳамчун асри иттилоот имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳон  имкониятҳои зиёди дастрасӣ доштан ба иттилоъро  додааст. Агарчӣ дар асри гузашта аҳли ҷомеа танҳо тавассути радио, телевизион ва рӯзномаву маҷҷаллаҳо аз хабару воқеаҳои ҷаҳон бархурдор мешуд, пас ҳоло ҳар фарди ҷомеа имкон дорад бо истифода аз шабакаи ҷаҳонии Интернет дар  муддати кӯтоҳ бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ҳам дар шакли матн ва ҳам видеову акс шинос шавад.

Ин дар ҳоле мебошад, ки бештари нафарони ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомилгардида маҳз тавассути сомонаҳои махсуси интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо пайваст шудаанд. Ҳамин аст, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як зумра сомонаҳои марбут ба ташкилотҳои террористию эстремистӣ масдуд карда шуд. Аз ин бармеояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зиёд шудани имкониятҳои дастрасӣ ба иттилооти гуногун зарурати интихоб ва дарки ҳадафҳои иттилои дастрасгардида аз ҷониби истифодабарандагони он ба миён омадааст.

Вобаста ба муҳимияти доштани саводи расонаӣ зарурати ташаккули тафаккури ҷомеа дар таҳлил ва баррасии иттилои бадастомада ва хулосабардории дақиқ аз онро 22 ноябр дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» аз Радиои «Ховар» соати 15:30 (асл) ва 20:30 (такроран) рӯйи мавҷи 101,5 FM дар таҳияи муҳаррир ва масъули барнома Манижа Баҳромзода бишнавед.

Ноябрь 21, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад