Барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистонро матраҳ менамояд

Декабрь 9, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 07. 12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин самт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣ дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонанд.

Бо назардошти моҳияти ин масъала аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмаи умумии  СММ 9 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардидааст.

Ба саволҳои  муҳаррири  барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор муовини сардори раёсати якуми Сарраёсати муқовимат ба корупсияи  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодком Турсунзода  посух медиҳад.

Барномаи “Гуфтугӯ” 9 декабр, соати 12:30 (аслӣ) ва 19:30, 22:30 (такроран) пахш мешавад.

Декабрь 9, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад