Дар Вазорати корҳои дохилӣ маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соҳаи варзиш доир гардид

Декабрь 31, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 31.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории беҳтаринҳо дар соҳаи варзиши ин вазорат дар соли 2019 доир гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ва меҳмонони расмии даъватшуда иштирок доштанд.

Нахуст, Суруди миллии Тоҷикистон садо дода, сипас тавассути оинаи нилгун дар шакли мухтасар дастоварду натиҷаҳои назарраси кормандону варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар соли 2019 намоиш дода шуд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов зикр кард, ки маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзиши Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ соли сеюм аст, ки дар асоси «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» дар мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад. «Ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ, бешак ба ҳавасмандгардонии варзишгарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ҳисоб меёбанд, равона карда шуда, боварӣ дорем дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, тарғиби варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад намуд»,-афзуд А. Навҷувонов.

Инчунин Абдулло Навҷувонов иброз дошт, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ баҳри машғул шудани ҳайати шахсӣ ба варзиш шароитҳои мусоид муҳайё карда шуда, минбаъд низ барои ҳамқадами замон будан, ноил гардидан ба дастовардҳои варзишӣ ва солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.

Аз ҷониби Шӯрои ҷумуриявии «Динамо» дар мувофиқа ва бо дастгирии роҳбарияти Вазорат давоми соли 2019  4 мусобиқаи кушод, яъне спартакиада иборат аз 12 намуди варзиш байни кӯдакону наврасон, бонувон, ҷавонон, собиқадорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ, 2 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ аз намудҳои шиноварӣ дар вилояти Суғд ва гӯштини юнону румӣ миёни наврасон, 13 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ, 23 мусобиқаи идоравию сатҳи вилоятӣ, 8 мусобиқаи оммавӣ-варзишии сатҳи шаҳрӣ, 2 машварат ва 128 бозиҳои рафиқона аз намуди футбол дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.

Соли 2019 дастпарварон ва аъзои дастаи «Динамо» дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, аз ҷумла дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 19 медали тилло, 16 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ гардида, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ 182 медали тилло, 128 медали нуқра ва 146 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар маросим 15 нафар варзишгароне, ки соли ҷорӣ ҳамчунин бо пешравию саъю кӯшишашон дар риштаҳои гуногуни варзиш нисбатан фаъол буданд, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Сипосномаҳоро муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов тақдим намуд.

Дар маросим  ҷоизадорони асосӣ-беҳтаринҳои самти варзиши Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2019 эълон карда шуданд. Ҳамин тариқ, беҳтарин варзишгарбонуи ғайрикасбӣ дар риштаи бадминтон Ҳангомаи Абдуғаффор эълон гардид. Номбурда дар якҷоягӣ бо дигар варзишгарони мақомот тавонистанд дастаи бадминтонбозони Вазорати корҳои дохилиро соли равон дар мусобиқаи байни вазорату идораҳои мамлакат ғолиб созанд.

Беҳтарин шоҳмотбоз миёни наврасдухтарон Сабрина Абророва дониста шуд. Сабрина соли равон дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ бомуваффақият ҳунарнамоӣ намуда, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ҳиндустон миёни ҳамсолони худ соҳиби ду медали нуқра гардид. Ӯ ҳамчунин барандаи Ҷоми Пешвои миллат миёни наврасдухтарон дар ин намуди варзиш гардид.

Аз рӯи баҳодиҳии иншооти варзишӣ аъзои ҳакамон толори варзишии Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазоратро беҳтарин донистанд. Ин толори варзишӣ бо тамоми шароити замонавии варзишӣ таъмин мебошад.

Беҳтарин бонуварзишгари касбӣ Миҷгона Самадова дар намуди варзиши бокс интихоб шуд. Номбурда соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Федератсияи Россия баргузор гашт, мақоми дуюмро соҳиб гардида, инчунин ғолиби чемпионати ҷумҳуриявӣ шудааст.

Мураббии беҳтарин Субҳониддин Абдукаримов дониста шуд, ки таҳти дастпарварии ӯ даҳҳо варзишгарони касбӣ дар намуди гӯштини юнону румӣ ба майдони варзишӣ баромада, шогирдони зиёдеро таълиму тарбия медиҳад.

Футболбози беҳтарини сол Шуҷоат Неъматов эълон гашт, ки ӯ бо иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар гирифтани ҷойҳои ифтихории дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ саҳми босазо дорад.

Беҳтарин дастаи варзишӣ-дастаи бонувони Вазорати корҳои дохилӣ аз намуди волейбол эълон гардид. Дастаи бонувони Вазорат соли 2019 барандаи мусобиқаи волейбол байни вазорату идораҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе гардидааст.

Ҳамчунин беҳтарин варзишгари наврас Фирӯз Мирзораҷабов дар намуди гӯштини юнону румӣ эълон шуд, ки мавсуф соли равон  барандаи медали тиллои Ҷоми Осиё дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ва медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон дар ин намуди варзиш мебошад.

Беҳтарин варзишгари сол дар Вазорати корҳои дохилӣ Сомон Маҳмадбеков дониста шуд, ки номбурда соли ҷорӣ чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни варзишгарони ҷавон дар Марокко гардида, ҷоизадори чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Мукофотҳоро ба ғолибон роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорат супориданд.

Декабрь 31, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ба финал баромад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» сарпарасти кулли Лигаи якум-2024 гардид
Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокс дар Остона ва Боку сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд
Имрӯз мусобиқаи «Antalya Grand Slam-2024» оид ба ҷудо оғоз мешавад
Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд