ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019: Чоршанбе Аловатов, Рухшона Умарова ва Жасмин Ғарибмамадова муаррифи фарҳанги тоҷик берун аз ҷумҳурӣ

Декабрь 31, 2019 14:05

ДУШАНБЕ, 31.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», Озмуни Central Asia’s Got Talent (Истеъдодҳои Осиёи Марказӣ),  Фестивал-озмуни байналмилалии мусиқии «The Planet of ART-2019», (Дунёи санъат-2019), Рӯзҳои фарҳангӣ ва дигар барномаҳо дар мамлакат ва берун аз он дастовардҳои муҳими соҳаи фарҳанг маҳсуб мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи фарҳанг  чун таҷассумгари симои маънавии халқи тоҷик, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунарӣ, сайқал додани суннатҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, таҳкими равобити фарҳангии манотиқи гуногуни мамлакат заминаҳои боэътимод  фароҳам меорад.

Ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ дар соли 2019

Соли 2019 Вазорати фарҳанг дар робита ба ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ, аз қабили 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳрҳои Норак, Душанбе, таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Данғара, Ховалинг, маросими ба истифода додани агрегати дуюми НБО «Роғун» ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишу барномаҳо доир намуд.

15 марти соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ  

Аз 15 то 22 майи соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо барномаи ҷолиби консертӣ ва намоиши мусаввараву аксҳо, ки муаррифгари санъату ҳунари миллӣ буданд, дар сатҳи баланди эҷодӣ  баргузор гардиданд.

Инчунин 23 майи соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.

12 сентябр ва 9 декабри соли равон  барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Руминияю  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.

Аз 11 то 15 ноябр  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар  сатҳи баланд сурат гирифтанд.

Аз 15 то 18 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар ҷараёни баргузории ин Рӯзҳо аҳли фарҳангу ҳунари Давлати Кувайт барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд.

 Баргузории озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ

22 декабри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон даври ниҳоии озмуни Central Asia’s Got Talent (Истеъдодҳои Осиёи Марказӣ) баргузор гардид, ки иштирокчии Тоҷикистонӣ –Чоршанбе Аловатов Шоҳҷоиза бо мукофоти пулии 10 миллион тангаи қазоқиро соҳиб шуд.

Дар ин сол Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори аввал дар саросари мамлакат доир гардид. Маросими супоридани ҷоизаҳо 16 ноябри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар сатҳи баланди эҷодию бадеӣ доир гардид.

Аз 2 то 10 октябри соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷамъбасти Фестивал-озмуни байналмилалии мусиқии «The Planet of ART-2019» (Дунёи санъат -2019) баргузор гардид, ки дар он ҳунарпешаи ҷавони Ансамбли давлатии рақсии «Зебо»-и Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ» Рухшона Умарова дар жанри рақси миллӣ ҷои аввалро ба даст овард.

Дар озмуни байналмилали касбии кишварҳои ҳавзаи «Як камарбанд- як роҳ» дар шаҳри Ҷинтсини Чини Ҷумҳурии Мардуми Чин донишҷӯӣ бахши 3-юми Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов Жасмин Ғарибмамадова муаррифгари санъати рассомии тоҷик гардида, сазовори дипломи дараҷаи 1-ум гардид.

Соли равон ҳамаи гурӯҳҳои ҳунарии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ дар 128 барномаи фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ташрифи меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуда, 30 барномаи консертӣ иҷро намуданд. Дар ин давра ансамблҳои муассиса-ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» ва ҳунарпешагони оркестри эстрадии «Гулшан» ба Аморати Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея сафари ҳунарӣ намуданд. Дастоварди муассиса дар ин давра сазовор гардидани Ансамбли кӯдаконаи рақсии «Зебо» ба ҷоизаи фестивали байналмилалии рақсии кӯдакона дар Ҷумҳурии Туркия маҳсуб мешавад.

Хонандаи мактаби хусусии Пулодови шаҳри Хуҷанд Фарзона Назарова дар Фестивал-озмуни байналхалқии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Садбарги Шарқ» («Роза Востока»), ки аз 4 то 8 майи соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар жанри вокал иштирок намуда, байни қариб 1000 иштирокчӣ сазовори ҷои сеюм гардид.

Аз 23 то 27 феврали соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии мусиқинавозон таҳти унвони «Шоҳроҳи Абрешим» баргузор гардид.

Дастовардҳои театри тоҷик дар соли 2019

Намоиши нави Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ аз рӯи асари С.Улуғзода «Фирдавсӣ» дар таҳияи С. Усмонов бо Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту-2019»  қадрдонӣ гардид.

Аз 23 то 28 сентябр ҳайати эҷодии ин театр бо намоиши «Фирдавсӣ» дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон дар Фестивали байналмилалии театрии «Арт-Ордо» ширкат намуданд. Дар ин  ҷашнвора Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро сазовор шуд.

Аз 13 то 18 октябр ҳайати эҷодии театр бо намоишҳои «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ.Ниёзӣ ва «Бузаки ҷингилапо»-и Н.Бақозода ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом дод.

Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов намоишҳои тозаи эҷодиро аз рӯи асари Шодӣ Солеҳ — «Шер омад», дар таҳияи Ҷ.Пӯлод, «Бозгашти Маугли» – и Р.Киплинг‚ «Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд»-и Ч.Айтматов дар таҳияи Н. Меликов‚ «Тарма»-и Т.Ҷуҷенӯғлӣ дар таҳияи Олимҷон Салимов‚ «Зани оҳанин»-и Ш.Бошбеков дар таҳияи М.Миров ва «Чормағзаки тиллоӣ»-и А.Якимович дар таҳияи Қ.Мирзоев ба саҳна гузошт.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ оғоз гардид
РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Бахшида ба ин рӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад
ҲАМ АДРАСУ ҲАМ ЧАКАН АЗ ОНИ МАНУ ТУСТ. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД. Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон консерти ботантанаи арбобони санъати Узбекистон баргузор мегардад