ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Гулмоҳии Тоҷикистон бо сипосномаи ширкати байналмилалии «Slow Food» қадрдонӣ шуд

Декабрь 28, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 28.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Гулмоҳии амударёии Тоҷикистон бо сипосномаи ширкати байналмилалии «Slow Food» қадрдонӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Президенти ширкати байналмилали «Slow Food» дар сипоснома иброз намудааст, ки «Slow Food» барои барқарорсозӣ ва нигоҳдории гулмоҳии амударёӣ ва дар амал паҳн намудани ғизои боллазату аз лиҳози экологӣ тоза самимона ба мардум ташаккур мегӯяд», — илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Турини Италия Фестивали байналмилалии «Slow Food» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳудудҳои табиии махсусҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон» ва кооперативи истеҳсолии «Ҳакимӣ» бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ иштирок намуда, гулмоҳии амударёӣ (моҳии шоҳона) ва оши палови тоҷикиро муаррифӣ намуданд.

Инчунин намояндагони Тоҷикистон ба иштирокдорони фестивал доир ба манзараҳои зебову афсонавӣ, кӯлу дарёҳои мусаффо, таъриху фарҳанги қадимаи Тоҷикистон расму наворҳои ҷолиб ва хӯрокҳои миллӣ пешниҳод карданд.

Мавриди зикр аст, ки диққати ҳозиринро бахусус, маълумот дар бораи гулмоҳии амударёӣ ҷалб намуда буд.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали байналмилалии «Slow Food» имрӯз ба ҳаракати ҷаҳонӣ табдил ёфта, бо мақсади таъмини дастрасӣ ба ғизои тозаву солим дар беш аз 160 кишвари ҷаҳон миллионҳо нафарро бо ҳам муттаҳид намудааст. Он тӯли 30 сол боз фаъолиятро зери шиори «Ғизои мо, сайёраи мо, ояндаи мо» идома медиҳад.

«Бояд гуфт, ки моҳии амударёӣ бо лаззату тамъи худ ҳамто надошта, қаблан низ сазовори «Ситораи тиллоӣ» дар шаҳри Женева гардида буд. Ин омил метавонад диққати садҳо ҳазор сайёҳону меҳмононро ба Тоҷикистон ҷалб намояд», — тазаккур доданд масъулини Кумитаи рушди сайҳӣ.

ДАР АКСҲО: Лаҳзаҳои тамошои сайёҳон аз дарёҳои Тоҷикистон

Декабрь 28, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд