Хоруғ: Озмуни «Мо зодагони истиқлолем» анҷом ёфта, аз аввали сол Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» оғоз мешавад

Декабрь 30, 2019 17:42

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои маҳфилҳои мухталифи мактабҳои санъати шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба даври ниҳоии озмуни «Мо зодагони истиқлолем» роҳхат гирифтанд, маҳсули ҳунари дастони худро дар долони Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ ба намоиш гузоштанд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмамадов, аъзои маҳфилҳои рассомию кандакорӣ, бофандагию мӯҳрабофӣ, лӯхтаксозию гулдӯзӣ ва навозандагони асбобҳои миллӣ ширкат намуданд. Мутобиқи шарти озмун, хонандагон бояд дар бораи таърих ва ташаккули шуғли интихобнамуда ва мазмуну мундариҷаи асари эҷодкарда маълумоти кофӣ дошта, онро ҳамаҷониба ба ҳайати ҳакамон шарҳу тавзеҳ дода тавонанд. Санъати суханварӣ ва забондонии ҳунармандони наврасро  низ ҳакамон ба инобат мегиранд.

Аз ҳама бештар таваҷҷуҳи тамошобинонро расмҳои кашидаи рассомони наврас, ки дар онҳо табиати афсункори кӯҳистон, рӯдхонаҳои пурхурӯшу кӯҳҳои сар ба афлок кашида, қалъаҳои куҳану биноҳои муосири замони истиқлол тасвир шудаанд, ба худ ҷалб намуданд. Дар кандакорӣ низ хонандагон  аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд.

Мудири шуъбаи фарҳанги вилоят гуфт, ки сокинони манотиқи кӯҳистон ба кандакорӣ шавқи зиёд дошта, хонаҳои урфии худро бештар бо нигоришоти чӯбӣ-аз чӯби чормағзу зардолу ва тут  оро медоданд. Аммо, мутаассифона, чанд даҳсола пеш ҳунари кандакорӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва танҳо дар замони истиқлолият бо таъсис додани маҳфили кандакорӣ дар назди мактабҳои санъати вилоят   ин ҳунар  аз нав эҳё гардид.

Ба ғолибони озмуни  «Мо зодагони истиқлолем» ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Зикр гардид, ки чунин озмунҳо то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбанд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи фарҳанги вилоят, “Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба омӯзгорон ва аҳди фарҳанг пешниҳод карданд, ки минбаъд ҳамасола байни хонандагон ва калонсолон Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор намоянд. Воқеан ҳама пешравӣ, кашфиёт, ислоҳоту навигарӣ, илму ҳунар аз мутолиаи китоб сарчашма мегирад. Агар сода карда гӯем, аввал китоб буд, баъд компютер пайдо шуд. Одаме, ки дониш дорад, дар зиндагӣ роҳи худро пайдо мекунанд. Бинобар ин дар соли нав тасмим гирифтем, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти умумию олӣ ва китобхонаҳо ҳарчӣ бештар  кӯдакону наврасон, ҷавонон ва калонсолонро ба ин озмун ҷалб намоем”.

Декабрь 30, 2019 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид