ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, борон меборад

Декабрь 31, 2019 08:04

ДУШАНБЕ, 31.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳаво қисман абрнок  ва тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон  дар назар аст.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз  самти ғарб бо суръати 4-9   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон  меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 1200 метр  бордани барф дар назар аст.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  бордани борон ва барф пешбинӣ шудааст.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  1+6 ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм  ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад ва тумани суст мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 31, 2019 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд