Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Декабрь 30, 2019 17:57

ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нав табрик гуфта, ба унвони мардумони ҳарду давлат табодули таманниёти нек намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рушди минбаъдаи қобили мулоҳизаи муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо ибрози назар карда, гомҳои муайяни мусбати ҷонибҳоро дар ин самт таъкид  сохтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсадҳои ҷониби Тоҷикистонро барои минбаъд низ равона намудани кӯшишҳои зарурӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои неки  ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳо бо иқдоми нави амалӣ мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати ду халқи бародар зикр намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Декабрь 30, 2019 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон