Таҷлили фарорасии Соли нав муқобили шариат нест!

Декабрь 27, 2019 10:02

ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили фарорасии Соли нави мелодӣ, агар ба дин муносибат дода нашавад, муқобили шариати Ислом нест. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Тавре котиби матбуотии Кумита Афшини Муқим гуфт, Соли нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба сифати як ҷашни тақвимӣ таҷлил мешавад. Яъне, тоҷикистониён низ дар қатори миллионҳо нафар мусулмонон дар саросари дунё дар радифи дигар иду ҷашну маросим аз Соли нав ҳам истиқбол мекунанд.

«Мутаассифона, гурӯҳу афроде ҳастанд, ки аз таҷлили Соли нав ҳангомаҷӯӣ карда, бо ҳар баҳонае мехоҳанд ба эҳсоси диниву мазҳабии мардум нохун бизананд. Аммо воқеият ин аст, ки дар ҷомеаи мо Соли нав ҳамчун ҷашни диниву мазҳабӣ пазируфта нашуда, балки он як ҷашни тақвимӣ ё ба истилоҳ ҳисоботист, ки аз бурду бохти  соли гузашта натиҷагирӣ ва барои як соли баъдӣ барномарезӣ сурат мегирад»,-таъкид намуд ӯ.

Бино ба ақидаи котиби матбуотии Кумитаи дин, танзимит анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ, далели воқеан ҷашни тақвимӣ будани Соли нав он аст, ки дар ҷомеаи мо ҳамдигарро бо ифодаи «Соли нав муборак!» самимона табрику таҳният мегӯянд ва изҳори орзуҳои нек мекунанд. Таъбири «мелод муборак» ё ҳар ифодаи марбут ба мелоди Паёмбар Исо аслан дида намешавад. Гузашта аз ин, ба мақоми ваколатдор ҳам аз ҳеҷ гуна ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ барои баргузории ба истилоҳ ҷашни диние дар арафаи соли нав муроҷиат нашудааст.

«Аз ин лиҳоз, — мегӯяд Афшини Муқим, — додани ҳар гуна тобиши динӣ дар масъалаи таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон ба манфиати кор набуда, баръакс, сабаби ба миён омадани фитнаву ҳангомаҳо мегардад».

Хотиррасон мешавем, ки қаблан Раиси Шӯрои муфтиёти Федератсияи Россия шайх Равил Гайнуддин ва Роҳбари Маркази тамаддуни исломии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шайх Абдулазиз Мансур низ дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон иброз намуданд, ки таҷлили Соли нави мелодӣ муқобили шариати Ислом нест.

Декабрь 27, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон