«ВАТАН – ХОНАИ УМЕДИ МО!» Ҳамоиш дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия

Декабрь 20, 2019 14:53

ДУШАНБЕ, 20.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар  толори Қасри дӯстии халқҳои  шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия  доир ба мавзӯи «Ватан- хонаи умеди мо» ва «Ҷавонони тоҷик зидди равияҳои манфии ҷомеа» мулоқоти судманд сурат гирифт.

Тавре  хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиши мазкур Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Зардӣ Шамсиддин, мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин, соҳибкорон, донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ин минтақа таҳсил мекунанд  ва муҳоҷирони корӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот Зардӣ Шамсиддин изҳор дошт, ки «эҳтирому мартабаи  инсон аз эҳтиром ба Ватану миллат, маҳалу зодгоҳаш оғоз мешавад ва сипас дар шакли мукаммал ташаккул меёбад. Ҳамин аст, ки сарчашмаи худшиносию худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллиро маҳз муҳаббату дӯст доштани Ватан ташкил медиҳад».

Дар идома З. Шамсиддин доир ба  нақши ҷавонон дар пешрафту шукуфоии ҳар як давлат ибрози назар намуда, аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии  Новосибирск имрӯзҳо    таҳсил  доранд ва муҳоҷирони корие, ки дар бахшҳои гуногуни ин минтақа   фаъолият мекунанд, даъват ба амал овард, то бо эҳсоси масъулият пайи таҳсилу кор бошанду дар ободии Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди инкишофи ҷаҳонбинии солими афроди миллат ва ҳидоят намудани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ бо вусъати тоза ба роҳ монда шудааст.  Дар  ин росто ба масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон чун яке аз самтҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда  бо ҳадафҳои созанда қадамҳои устувор гузоранд.

Мутахассиси  намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин  дар бораи тарзи дурусти ҳуҷҷатгузориҳо, қоидаҳои буду бош дар Федератсияи Россия,  дастгири якдигар будан, саҳм гузоштан дар ободиҳои Ватан ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфт. Шералӣ Нуриддин доир ба  равияҳои ифротгароӣ ва  хатарҳои терроризму экстремизм изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ҳушёрию зиракӣ даъват намуд, то ба доми фиреби ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо наафтанд. Онҳо бояд ҳамеша талош кунанд, то  аз чунин равандҳо  дур  бошанду  номи худу пайвандонашонро бад насозанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони тоҷик дар васфи Ватану модар, сулҳу оромӣ ва истиқлолу худшиносӣ сурудҳо пешниҳод гардида, табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Декабрь 20, 2019 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
ХУРОФОТПАРАСТӢ-САРЧАШМАИ ҶАҲОЛАТУ ТОРИКӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад