Ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 5400 адад китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ворид гардиданд

Январь 31, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ ва литсейҳои Тоҷикистон, ки муаллимон аз Федератсияи  Россия дар онҳо се сол боз фаъолият доранд, китобҳои дарсӣ ва бадеӣ бо забони русӣ супорида шуданд.

Сафири Фавқулода  ва Мухтори Федератсияи Россия  дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов  гуфт, ки тақдими китобҳо дар ҷавоб ба хоҳиши омӯзгороне, ки дар кишвари мо кор мекунанд, сурат гирифт.

5400 китоби дарсӣ ба 9 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳо  расонида мешавад. Масалан, танҳо ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1100 китоби дарсӣ  фиристода мешаванд.

Китобҳо ба ҷумҳурӣ  тавассути Намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон  ворид  гардиданд. Соли гузашта 10 ҳазор китоби дарсӣ  дастрас шуда буд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон 38 омӯзгор аз Россия  фаъолияти корӣ доранд.

Ба назари Светлана Кабанова, омӯзгори забон ва адабиёти  рус аз Федератсияи Россия, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 – и шаҳри Ваҳдат кифоя набудани китобҳои дарсӣ бо забони русӣ мушкилоти ҷиддии таълим барои омӯхтани  ин забон аст.  «Тақдими адабиёти бадеӣ мояи хушнудист. Дар  пойтахт масъалаи  таъмин намудан бо китоб мушкил надорад, аммо дар шаҳрҳои хурд ин душворӣ эҳсос мешавад. Агар кӯдакон китоби бадеӣ хонда,  маънии онро дарк кунанд, ин ба инкишоф ёфтани нутқи онҳо мусоидат намуда, зебо ва хушоянд сухан гуфтанро меомӯзанд. Вазифаи омӯзгорон одат кунондани кӯдакон ба хондани ҳамарӯзаи китоб мебошад»,-  зикр намуд С. Кабанова.

Январь 31, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст