Дар Форуми ҷумҳуриявӣ усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон баррасӣ мешаванд

Январь 22, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврали соли 2020, соати 9:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» Форуми ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва шарикони рушд роҳандозӣ шуда, мақсад аз он омӯзиши роҳҳои паст кардани шиддати ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷудоиандоз, махсусан гурӯҳҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Инчунин  дар форум  пешгирии бемориҳои сироятӣ, рушди тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Форуми ҷумҳуриявӣ кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, судяҳо, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, олимон ва муҳаққиқон иштирок  намуда, доир ба масъалаҳои дахлдор  маърӯза менамоянд.

Форум дар ду бахш доир шуда, дар анҷоми он қатънома қабул карда мешавад.

Январь 22, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид