Эрон иқрор шуд, ки тасодуфан сабабгори суқути Boeing-и Украина гардидааст

Январь 11, 2020 10:53

ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои «Ширкати ҳавопаймоии байналмилалии Украина» иштибоҳан дар наздикии Теҳрон зада шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти ситоди кулли ҚМ Эрон, ки рӯзи шанбе тавассути агентии ISNA паҳн шуд, омадааст.

«Бо сабаби иштибоҳи тасодуфии инсонӣ ҳавопаймо нохост зада шуд, ки мутаассифона, боиси марги ҳамватанон ва шаҳрвандони хориҷӣ гардид», — омадааст дар изҳорот. Инчунин зикр шудааст, ки «ҳангоми парвоз ҳавопаймо дар наздикии яке аз иншооти муҳими низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (воҳидҳои баргузидаи ҚМ Эрон) пайдо шуд ва аз рӯи баландии парвоз ба объекти душман монанд буд».

Дар изҳорот омадааст, ки «пас аз чанд соати ҳамлаҳои мушакӣ [ҚМ Эрон ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар Ироқ] шумораи парвозҳои ҳавопаймоҳои низомии ИМА ба таври назаррас афзоиш ёфт». «Ин вазъ ба баланд шудани ҳассосияти байни воҳидҳои мудофиаи ҳавоӣ оварда расонд», — зикр шудааст дар изҳорот.

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар Twitter иттилоъ дод, ки Эрон аз иштибоҳи рухдодаи офатбор сахт изҳори таассуф мекунад. Ӯ ваъда дод, ки шахсони масъули суқути ҳавопаймои Украина ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф бар ин назар аст, ки сабаби садама дар наздикии Теҳрон иштибоҳест, ки дар лаҳзаи бӯҳронӣ ва бар асари амалҳои моҷараҷӯёнаи ИМА ба миён омадааст. Вай дар ин бора рӯзи шанбе дар саҳифаи Twitter-и худ навиштааст.

«Рӯзи ҳузнангез аст». Бино ба хулосаи пешакии таҳқиқоти дохилии Қувваҳои Мусаллаҳ [Эрон]: иштибоҳи  инсонист, ки дар лаҳзаи бӯҳронӣ, ки бар асари амалҳои моҷараҷӯёнаи ИМА ба миён омаданд, сабаби фалокат гаштааст»- навиштааст ӯ.

Зариф тасаллият ва ҳамдардии худро ба мардуми Эрон ва инчунин ба хонаводаҳои қурбониёни фоҷиа изҳор доштааст.

Январь 11, 2020 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид