Гурӯҳҳои кории тарғиботӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба сокинони шаҳри Роғун шарҳ медиҳанд

Январь 10, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои расонидани муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба сокинон, дар шаҳри Роғун гурӯҳҳои кории тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти худро аз 7 январ оғоз намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов  хабар дод.

Мавриди зикр аст, ки вохӯрию суҳбатҳо бо ташкили 4 гурӯҳи корӣ дар 27 мавзеъ, аз ҷумла маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об ва деҳоти Сичароғ ба роҳ монда шудаанд.

Чунин мулоқот дар толори шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Аъламхон Наимӣ, раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода ва сокинони маркази шаҳр баргузор гардид. Дар он меҳмонон нуктаҳои асосии Паёми навбатиро ба сокинон шарҳу тафсир дода, ҳадафҳои стратегии мамлакат ва  рӯйдодҳои муҳими таърихие, ки соли 2019 ба вуқӯъ пайвастаанд, аз ҷумла ба кор андохтани агрегати дуюми «НБО Роғун» мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз  пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се давлати аввали тавлидкунандаи «энергияи сабз» шомил мегардад.

Инчунин Паёми навбатӣ дар татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», тараққӣ додани яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, яъне рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила ва рушди варзиш ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мамлакат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар шаҳр беш 13 вохӯрию ҳамоиш  гузаронида шуда, дар онҳо беш аз 1200  нафар сокинон иштирок намуданд.

Январь 10, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он