Имрӯз дар Душанбе озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад

Январь 24, 2020 10:24

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Нимаи  дуюми имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»   озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад. Дар он беҳтарин ҳунармандони соҳа аз  чор ноҳияи пойтахт маҳсули дасти хешро манзури  ҳакамон ва иштирокдорон мегардонанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо қарори  Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмуни мазкур  тасдиқ гардидааст.

Хотиррасон мешавем, ки ин озмун  бо мақсади иҷрои банди 19-и «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ гардидааст,  роҳандозӣ мегардад.

Тибқи ин қарор масъулин  вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Январь 24, 2020 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад