Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона, — бардошт аз вохӯрии судманд дар Хуҷанд

Январь 22, 2020 10:01

ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба пешрафти давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он танҳо дар  ҳолате натиҷабахш шуда метавонад, ки агар ҳар узви ҷомеа бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда барои паст кардани сатҳи он дар канор наистода, балки барои мубориза бо ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ намояд.

Ин нуктаро сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Мутаваллиён зимни мулоқот  бо роҳбарону кормандони шуъбаю идораҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баён дошт.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»,  зимни мулоқот ҷараёни татбиқи нишондодҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020” баррасӣ гардид.

Ҳамзамон зикр шуд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, барои  ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок бо ин зуҳурот тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонанд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти мамлакат, ки моҳи декабри соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Январь 22, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он