Низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман!» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» такмил дода мешавад

Январь 3, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 03.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, пешниҳод намуданд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман!» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» минбаъд таҳти сарпарастии Президенти ҷумҳурӣ ҳар сол гузаронида шаванд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Вазорати фарҳанг ва кумитаи тадорукот тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани озмун ва беҳтар гардонидани мазмуну муҳтавои он низомномаи озмунро такмил диҳанд.

Бино ба иттилои манбаъ, олимону коршиносон ва адибону мутахассисон, ки оид ба беҳтару ҷолибтар кардани озмунҳои мазкур андеша ё пешниҳодҳо доранд, метавонанд онро ба таври хаттӣ ё электронӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон равон созанд.

Пешниҳодҳо оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба нишони электронии Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон iskusstv2018@mail.ru ва пешниҳодҳо оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба нишонии электронии Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ vfarhang03@gmail.com қабул карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки пешниҳодҳо танҳо аз нафароне қобили қабуланд, ки дар мактуб суроға, ҷойи кор, рақами телефон ва ному насаби воқеияшонро нишон дода бошанд.

Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, «ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» – ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад. Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».

Январь 3, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар муассисаҳои таълимии Файзобод ва Нуробод машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишу маърифат ба аҳли башар бузургӣ ва хушбахтӣ меоранд
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони озмунҳои сатҳи баланд дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз пардохти маблағи шартнома озод мегарданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд барои қадршиносии ғолибони озмун беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Соли 2023 донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳҷоизаҳои ду озмуни ҷумҳуриявиро сазовор гаштанд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳо оид ба ин озмун ҷаласа баргузор гардид
Дар ноҳияи Рашт ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» қадрдонӣ шуданд