Ориф Хоҷазода: «То таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ заминҳои партов пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд»

Январь 31, 2020 14:18

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон то  таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ заминҳои аз истифода берун пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.

Ба зикри номбурда, масоҳати заминҳои аз истифода берун сол ба сол кам гардида, танҳо дар 5 соли охир 9 ҳазор гектари он ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд. То  1 январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 55 гектар заминҳои аз истифода берун ба қайд гирифта шудаанд, ки  аз он 18 ҳазору  658 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.

«Соли сипаригардида 8 ҳазору 200 гектар заминҳои холимонда ва аз истифода берун ба гардиши кишоварзӣ ворид шуданд, ки аз майдони умумии ба гардиши кишоварзӣ воридшуда 5 ҳазору 223 гектарро заминҳои аз истифода берун ташкил медиҳанд.  Камшавии заминҳои аз истифода берун нисбат ба соли 2018  чор баробар зиёд гардида, то ҳол дар ин самт чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд»,- гуфт Ориф Хоҷазода.

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки танҳо соли гузашта, 468 гектар заминҳои нав аз худ карда шудаанд, ки аз он 410 гектараш обӣ мебошад. Ғайр  аз ин 919 гектар заминҳои лалмӣ ба заминҳои обӣ гузаронида шуданд.

Январь 31, 2020 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар се моҳи соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба беш аз 1,3 миллиард сомонӣ расониданд
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған меафзояд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи барҳамхӯрӣ ва аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Барои ифротӣ нагаштани ҷавонон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ бояд ҷалб намуд
Масъулини вилояти Суғд баҳри ҳалли мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии замин вазифадор гардиданд
Лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода мешавад
8 АПРЕЛ-РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. Созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намудаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ» дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба беш аз 4 ҳазор хоҷагӣ хизмат мерасонад
Дар Хатлон бо мақсади беҳтар гардонидани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд