«Паём — таҳкимбахши пояҳои забони тоҷикӣ», «Аз вайронии роҳ азоб мекашем», — шарҳи матбуоти даврӣ

Январь 24, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доштанд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (22.01.20, №16)  дар  баробари хабару гузоришҳои расмӣ  мақолаи  ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода  зери унвони «Паём – таҳкимбахши пояҳои забони тоҷикӣ» ба нашр расидааст.

«Агар муҳтавои асосии андешаҳоеро, ки Сарвари давлат оид ба илму маориф, рушди фарҳанг ва масъалаҳои ба онҳо вобаста иброз намуданд, таҳлилу натиҷагирӣ намоем, онро метавон ба сифати барномаи стратегии рушди соҳаҳои номбурда арзёбӣ намуд. Инро дар мисоли рушди бомароми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Агар шумораи донишҷӯён дар донишкада соли таҳсили 2016-2017  2966 нафар бошад, соли таҳсили 2018-2019  3930 нафарро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли таҳсили 2016-2017 ба андозаи 16 дарсад зиёд мебошад»,- зикр намудааст номбурда.

М.Раҷабзода ҳамчунин  иттилоъ додааст, ки  раёсати донишкада соли 2019 дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар факултети филологияи тоҷик китобхонаи илмиро бо фонди умумии беш аз 5 ҳазор китоб, аз ҷумла 1231 китоб бо забони русӣ, 787 китоб бо забонҳои дар донишкада омӯхташаванда ва 3082 китоб бо забони давлатӣ, инчунин 15 ҳазор китоби электронӣ таъсис додааст.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№10 аз 18.01.2020)    зери рубрикаи «Номаи бетаҳрир»   муроҷиати як гурӯҳ сокинони ноҳияи Хуросонро, ки ба унвони  рӯзнома ворид шудааст,   таҳти сарлавҳаи «Аз вайронии роҳ азоб мекашем» ба чоп додааст. Дар матлаб омадааст, ки  аз соли 1991 инҷониб  роҳ аз маркази ноҳияи Хуросон то деҳаи Имоми Аъзами деҳоти «Фахробод» то андозае мумфарш  гардидааст. Аз самти Фахробод то мавзеи Ёзӣ низ роҳ сангфаршу мумфарш шудааст,  вале дар байн 8 километр роҳ вайрону валангор боқӣ мондааст.

-Мо — сокинони деҳаҳои Баҳор, Наврӯз ва ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Хуросон солҳои зиёд аст, ки аз вайронии роҳ азоб мекашем,- гуфтаанд муроҷиаткунандагон ва аз масъулин талаб намудаанд, ки дар навсозии роҳҳои зикршуда мусоидат намоянд.

Дар шумораи навбатии  нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (22.01.2020, №4)   гузориши муфассал аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  20 январ дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид,  нашр шудааст.

Ҳамзамон дар ин шумораи рӯзнома  фармонҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амрҳои Президенти мамлакат оид ба  тағйироти кадрӣ  рӯи чоп омадаанд.

Дар  рубрикаи  «Аз Паём то Паём» маводи васеъ зери сарлавҳаи  «Наука в Таджикистане: достижения и перспективы» ба чоп расидааст, ки  дар он дастовардҳои Академияи илмҳои   Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Президенти он  Фарҳод Раҳимӣ   шарҳ додааст.

«Ихвон – ул -муслимин» и террористы возражденцы побратимы»- таҳти ин сарлавҳа мақолаи таҳлилӣ ба нашр расидааст, ки  дар он  оид ба амалҳои номатлуби ин  гурӯҳи экстремистӣ ва  оқибати  даҳшатбори  он ба ҷомеа  маълумот дода шудааст.

Ин навбат дар  «Народная газета» зери  рубрикаҳои «Об барои рушди устувор», «Интихобот-2020», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «маориф ва илм» ва  «75- солагии  ҶБВ» мақолаҳои ҷолибу хонданбоб ба нашр расидаанд.

Нашрияи  Кумитаи Иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт»  дар шумораи  навбатӣ таҳти  сарлавҳаи  «Инъикоси Саразм дар ВАО: Аз мушкилот то воқеият» мулоҳизаҳои таърихшинос Ҷонибек Асрориёнро манзури хонандагон гардонидааст. Муаллифи матлаб, аз ҷумла, иброз медорад, ки «ин сарзамин асрори бузург дорад ва ҳар як бозёфт досто­нест. Аз ин рӯ, ҷоизае барои таърихшиносон созмон бояд дод. Мисли Ҷоизаи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров. Чунки як олим кори сад рамзсозро  хоҳад кард ва дар ҳоле, ки  рақибонамон  хеле   афзудаанд. Ҳамзамон эътибори  бостоншиносонро мебояд ба­ланд бардошт. Ин ҷоиза  бояд  бо  унвони «Бостоншиноси  сол» муқаррар карда шавад, то ки  масъулиятро  дучанд ва  ҳавасмандонро  афзояд».

Ҳамзамон дар ин шумораи «Мароми пойтахт»   хонандагон мақолаҳои ҷолиберо бо номи  «Бенямин духтур шудан мехоҳад, то… »,  «Меросе аз ниёгон», «Занҷири илм бо истеҳсолотро мустаҳкам бояд кард» ва  «Лабханде, ки дилҳоро тасхир мекунад», ки   мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд,   метавонанд  мутолеа намоянд.

        Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар

Январь 24, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад