Пешниҳоди филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» ба кинофестивалҳои ҷаҳонӣ

Январь 2, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 2.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ наворбардорӣ шуда,  қарор аст имсол бо зернависи забонҳои хориҷӣ ба кинофестивалҳои ҷаҳонӣ пешниҳод гардад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки нахустнамоиши филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» 29 декабри соли сипаригардида дар толори кинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» манзури тамошобинон гардид.

Ба иттилои  манбаъ, филми мазкур дар фасли баҳори соли гузашта дар минтақаи Қаратоғ бо коргардонии Носир Раҳмон таҳия шуда, дар он Аҳмадҷон Қутбиддинзода, Фахриддин Саъдиев, Самоҷони Тағойзода ва Фирдавс Ҷалилов нақш офаридаанд.

Мазмуни мухтасари филми мазкур чунин аст, ки чор марди камондор бо нияти шикори саргалаи оҳувон ба парваришгоҳи ҳайвонҳои нодир сафар мекунанд. Аммо Сӯҳроб, ки нигоҳубини он манзараро ба уҳда дорад, садди роҳи онҳо мегардад. Ҳамин тавр шахсони тамаъҷӯй, ки роҳбарашон  Мансури ланг аст, бо  Сӯҳроб муноқиша мекунанд. Аз як тараф, агар сужаи филм тамошобинро дунболи худ барад, аз сӯйи дигар, зебогии манзараҳои Қаратоғ ҳамагонро мафтун менамояд.

Ногуфта намонад, ки филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда,  коргардони он Носир Раҳмон ва наворбардор Шуҳрат Қурбонов мебошанд.

Ба филми мазкур сароянда ва бастакори маъруфи тоҷик Далер Назаров оҳанг бастааст.

Январь 2, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд