РОҲИ ВАСЕЪ – БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВУ ЗАМОНАВӢ! «Спитамен Бонк» ба мизоҷон барномаи нави бонкиро пешкаш намуд, ки қариб 200 намуди хизматрасониҳои бонкиро дарбар мегирад

Январь 23, 2020 17:28

ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар Паёми навбатиашон аз вазорату идораҳо даъват карданд, то ки ҳарчи зудтар дар фаъолиятҳои худ шаклу усулҳо ва технологияҳои наву замонавиро ҷорӣ намоянд. Маҳз бо ин мақсад ҶСП «Спитамен Бонк» ба наздикӣ ба мизоҷон барномаи беҳамтои бонкиро пешкаш намуд, ки имрӯз қариб 200 намуди хизматрасониҳои бонкиро дарбар мегирад. Дар бораи ин барнома ва оид ба дигар лоиҳаҳои «Спитамен Бонк» дар рушди низомҳои пардохтии ғайринақдӣ дар Тоҷикистон мухбири АМИТ «Ховар» бо Дилшод ИСҲОҚОВ, сардори шӯъбаи кортҳои бонкии ҶСП «Спитамен Бонк» суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Дилшод Илҳомович, маълум аст, ки бештар аз як сол пеш Спитамен Бонк барномаи Spitamen Pay- ро таҳия ва ба истифода дода буд, ки имрӯз на фақат миёни муштариёни бонк маъмул аст. Метавонед ба мо бигӯед, ки ин кадом хизматрасонӣ аст ва бартариятҳои он дар чист? 

Дилшод Исҳоқов, сардори шуъбаи кортҳои бонкии ҶСП «Спитамен Бонк»

— Spitamen Pay  — ин барномаи беҳамтои хизматрасонии фосилавии бонкӣ мебошад, ки аз ҷониби мутахассисони «Спитамен Бонк» бо назардошти таманниёти мизоҷон таҳия карда шудааст.  Хизматрасонӣ қариб ҳама намудҳои пардохтро, аз пардохти хизматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ, интиқоли маблағ, интиқол аз корт ба корт сар карда, то пардохти хизматрасонии молрасонҳои хориҷиро дарбар мегирад. Бартарияти асосии барнома ин пур кардани кортҳо аз Федератсияи Россия тавассути хизматрасонии Qiwi бо 0% ҳаққи комиссионӣ мебошад.

Маъруфияти Spitamen Pay-ро дар байни муштариён бо он шарҳ додан мумкин аст, ки хизматрасонӣ тавассути тамоми шабакаҳо тарғиб ва пешниҳод карда мешавад. Яъне, мизоҷ метавонад ҳама хизматрасониҳои молиявии мавҷудбудаи бонкиро аз ҳар гуна телефон ва ҳатто аз телефони тугмачагӣ бидуни пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет бемамоният истифода барад: ҳама намуди интиқол ва пардохтҳо, назорати суратҳисоби бонкӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ҳамаи инро дар вақти воқеӣ ба анҷом расонидан мумкин аст. Ва имрӯз мо ягона бонке ҳастем, ки дар «паёмрасонҳои фаврӣ» ба мисли Viber ва Telegram ботҳои пардохтиро ҷорӣ намудаем.

Бартарияти асосии хизматрасони мо он дар аст, ки 99% амалиётҳо бидуни ҳаққи хизмат мебошанд, аз он ҷумла: ҳама намудҳои пардохтҳо, пардохти қарз, интиқол аз як корт ба дигар, интиқол ба ҳама кортҳои Корти Миллӣ ва ғайра.

АМИТ «Ховар»: Аҷиб, ҳангоми таҳияи хизматрасонӣ чӣ тавр таманниёти муштариён ба назар гирифта шуданд?

— Пеш аз таҳияи барнома, мо дар байни муштариёни худ як пурсиш гузаронидем. Мо аз онҳо пурсидем, ки ба онҳо чӣ гуна барнома лозим аст. Ҳама чиз ба назар гирифта шуд, ҳатто ҷойгиршавӣ ва андозаи тугмаҳоро. Бинобар ин, дар ниҳоят, мо ҳама фикрҳои ҳам муштариёни ҷавон ва ҳам онҳое, ки аз технологияҳои нав нисбатан дур ҳастанд, ба назар гирифтем. Барнома барои истифодабарӣ хеле содда аст. Ҳама чиз навишта шудааст, ҳеҷ гуна ҷустуҷӯҳои  иловагӣ лозим нест: ман даромадам, ҳисобро супоридам, маблағ гузашт. Тамом.

АМИТ «Ховар»: Оё, масалан, аз Корти Миллӣ ба кортҳои Visa ё Mastercard-и хориҷӣ дар дохили барномаи Spitamen Pay интиқол  ба ҷо овардан  мумкин аст?

— Бале, албатта. Умуман, Spitamen Pay ягона хизматрасонии дурдасти бонкӣ мебошад, ки барои ҳамаи дорандагони кортҳои миллии Корти Миллии мо ба кортҳои Visa ва Mastercard-и хориҷӣ интиқоли дастрасро таъмин менамояд. Инчунин имконияти баргардонидани қарзро дар дигар бонкҳо низ дорад.

Ғайр аз ин, яке аз навовариҳои охирин,- ин пардохти чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар ҳама ҷо буд. Ҳамин тариқ, мо ба мизоҷони худ зиёда аз 200 намуди хизматрасониро пешниҳод менамоем.

Тариқи барномаи мо метавон ба ташкилотҳои хайриявӣ бидуни ҳаққи комиссионӣ кӯмак расонид.

Мо бо бисёр провайдерҳо, ба монанди ширкатҳои мобилӣ, бонкҳо, системаи пардохтҳо робитаи мустақим барқарор намудаем. Аз сабаби набудани миёнаравон, арзиши хизматрасониҳо ба сифр баробар аст.  Сокинони Тоҷикистон  бояд одат кунанд, ки пардохтҳои ғайринақдӣ қулай ва содда мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Қаблан гуфта шуда буд, ки Spitamen Pay лоиҳаи иҷтимоӣ маҳсуб меебад. Чаро?

— Азбаски хидмат ройгон аст. Он тақрибан дар ҳама ҷо ва дар ҳама гуна дастгоҳҳо дастрас мебошад. Масалан, тавассути пур кардани тавозун дар Мегафон муштарӣ мегабайтҳои Интернетро ҳамчун тӯҳфа мегирад. Ин ҳамчун як ангезаи хурди истифодаи Spitamen Pay  мебошад. Ғайр аз ин, шарт нест, ки корт аз бонки мо бошад. Он метавонад ҳама гуна корти Корти Миллӣ бошад. Яъне, шумо мизоҷи кадом бонке дар Тоҷикистон  бошед, метавонед бе кӯмаки корманди бонк ба осонӣ аризаро пур карда, ба қайд гиред ва бе мамоният аз ҳама хизматрасониҳои бонкӣ шабонарӯз истифода баред. Ин боз як монеаи дигари байни муштарӣ ва бонкро бартараф мекунад — ба шумо лозим нест, ки ба ягон ҷо равед, дар  навбат истед ва барои бақайдгирӣ чизе имзо кунед.

Ҳадафи асосии мо рушди ҳарчи зудтари низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба бунёди муносибатҳои боваринок миёни мизоҷу бонк аст.

АМИТ «Ховар»:  Аммо аллакай дар бозори Тоҷикистон  хизматрсониҳои ҳамсони  ин барнома мавҷуданд. Бартарияти Spitamen Pay дар чист? 

— Ин  фикр  дуруст нест. Барномаи мо имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаммоманд надорад. Далел ин аст, ки барномаҳои дар Тоҷикистон мавҷудбуда ё ҳамёни мобилӣ ва ё бонки мобилӣ маҳсуб меёбанд. Spitamen Pay бошад, аз ин барномаҳо  тафовут дорад.

Spitamen Pay на ҳамёни мобилӣ ва на онлайн бонкинг аст. Ин хизматрасонии техникии дурдаст мебошад. Ҳамёнҳои мобилӣ баъзе маҳдудиятҳо доранд. Масалан, тибқи қонунгузории амалкунанда, дар як моҳ ҳадди аксар 2 ҳазор сомонӣ метавонад истифода шавад. Бонкдории мобилӣ зарурати кушодани суратҳисоби бонкӣ, мушаххасот, миқдори зиёди варақаҳо, пешниҳоди рамз ва ғайраро доро мебошад.

Мо барномаро дар байни ҳамён ва бонки мобилӣ сохтаем, яъне он якҷоя ҳамаи инҳоро дарбар мегирад. Муштарӣ метавонад барнома ва ҳамёни мобилиро зеркашӣ кунад. Агар мизоҷ аллакай дар ҷое идентификақия гузашта, корти бонкӣ дошта бошад, вай метавонад озодона онро дар барномаи қайднамуда истифода барад. Мо барои истифодаи ҳамаи кортҳои дигар бонкҳо ва кортҳои Спитамен Бонк шароитҳои якхела дорем. Агар муштарӣ корти бонки дигарро дошта бошад, ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад.

Тавре ки ман аллакай  зикр кардам, ин хизматрасонӣ аз ҷониби мутахассисони шӯъбаи кортҳои бонкии Спитамен Бонк таҳия карда шудааст. Бартарии асосии ин хизматрсонӣ  дар он аст, ки мо мутахассисони ҷавон, хатмкунандагон-барномасозони мактабҳои олии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунем. Чӣ тавре ки мебинед – барномаҳои сохтаи онҳо хеле хуб кор мекунанд! Худи рақамҳо  аз ин гувоҳи медиҳанд – имрӯз, мо беш аз 11 ҳазор муштариёни фаъол дорем.

АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки интернет Эквайринг чист ва он чӣ гуна кор мекунад?

— Ин яке аз самтҳои Спитамен Пей аст. Мо ба фурӯшандагон, яъне ба созмонҳое, ки мол ё хизмат мерасонанд, имконият медиҳем, ки пардохти молро дар вебсайти худ амалӣ гардонанд. Яъне, муштарӣ ба сайти молрасонҳо ворид шуда, маблағи  харидро бо корт пардохт карда метавонад. Ин аст Интернет-Эквайринг. Маблағи пардохт аз ҳисоби корт ба ҳисоби фурӯшанда мегузарад. Ҳамаи ин хеле зуд ва осон аст.

Ин таҷриба дар сомонаи ширкатҳои мобилии Мегафон ва Tcell бомуваффақият татбиқ карда шудааст. Ҳамчунин саҳифаи пардохтро барои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додаем, ки дар он ҷо аз як қатор хизматрасониҳои пулакӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар сайти Кумитаи андоз шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ низ метавонанд андозҳои худро бо ин роҳ пардохт кунанд.

Хизматрасонӣ барои ҳама, хоҳ мағоза бошад ва хоҳ корхонае, ки хизмат мерасонад, ройгон аст. Ин ҳам барои фурӯшанда ва ҳам харидор қулай аст. Ҳама чиз дастрас ва шаффоф  — ҳангоми пардохт ба муштарӣ SMS – огоҳнома меояд.

 АМИТ «Ховар»:  Самаранокии татбиқи хизматҳои Спитамен Пейро чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Дар бораи маҳсулнокӣ сухан ронда,  тазаккур додан мехоҳам, ки ба қарибӣ мо 10-ҳазорумин муштарии Spitamen Payро табрик кардем. Ғайр аз ин,  беш аз 35 ҳазор дорандагони кортҳо…  Ин маънои онро дорад, ки одамон маблағҳояшонро ба мо бовар мекунанд. Пойгоҳи мо фаъол аст.
Одамон тариқи барнома маблағ интиқол диҳанд, пулҳояшонро дар суратҳисобашон нигоҳ медоранд, пардохтҳояшонро ба бонк бовар мекунанд —  ин аллакай аз бисёр чиз дарак медиҳад. Дар байни дигар бонкҳо ва низомҳои пардохтии кишвар Spitamen Pay низоми нисбатан ҷавон аст. Мо ифтихор дорем, ки дар чунин як муддати кӯтоҳ тавонистем ба эътимоди шумораи зиёди мардум ноил гардем.

АМИТ «Ховар»:  Оё дуруст аст, ки системаи Qiwi, ки  дар Тоҷикистон ҷорӣ гардид, низ ба Спитамен Бонк  тааллуқ дорад?
— Бале, ин боз як лоиҳаи иҷтимоии мо мебошад, ки моҳи июни соли 2019 оғоз ёфтааст. Он асосан ба шаҳрвандони мо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, равона карда шудааст. Низоми мазкур комиссия надорад, ва ба бонк ташриф овардан шарт нест. Аз терминалҳои Qiwi дар кӯчаҳои Федератсияи Русия муштариён метавонад ба кортҳои Корти Миллӣ-и дилхоҳ бонк дар давоми чанд дақиқа   ба суратҳисоби хешовандон ва дӯстони дар Тоҷикистон  будаашон маблағ интиқол диҳанд.

Мо кӯшиш мекунем, ки аз ҳуҷҷатгузории зиёдатӣ канорагирӣ намуда, хизматрасониҳоро на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки берун аз қаламрави он низ пешниҳод кунем. Бартарияти дигари ҳамёнҳои Qiwi инчунин имкони пур кардани кортҳои миллии мо мкбошад, ки ин таҷриба дар ҷумҳурӣ аввалин ва дар айни замон ягона аст.

Лоиҳа бомуваффақият татбиқ шуда истодааст. Мардум ба система эътимод пайдо карданд. Пас аз як маротиба пур кардани ҳисоб ба хизматрасонӣ боварӣ пайдо намуда, мизоҷ аллакай  бея гон шаку шублҳа  онро дар оянда истифода мебарад. Маблағҳоро шабонарӯзӣ 7 рӯз дар ҳафта, бе танаффуз интиқол додан мумкин аст ва онро метавон дар ҳама банкоматҳои кишвар нақдӣ кунонид. Дар бисёр супермаркетҳои калон ва нуқтаҳои савдо POS-терминалҳо мавҷуданд, ки шумо метавонед ҳамаи харидҳоро ройгон пардохт кунед ё пулҳои худро дар бонк нигоҳ доред.

АМИТ «Ховар»:  Дар интиқоли маблағҳо тавассути терминалҳои Qiwi ягон маҳдудият вуҷуд дорад? 

— Бале, чунин маҳдудиятҳо вуҷуд доранд. Барои мисол, агар муштарӣ идентификатсия нагузашта бошад, пас аз 5000 то 15000 рубл маҳдудиятҳо мавҷуданд. Аммо ба зудӣ мо ин нозукиро бартараф хоҳем кард.

Мизоҷоне, ки берун аз кишвар қарор доранд, метавонад дар Русия ба Qiwi – Бонк  номнавис шуда,   доимо аз хидматрасонии мо  истифода баранд. Яъне,  ҳудуди он хеле зиёд аст. Санҷиши миёна, яъне он чизе, ки шаҳрванди мо мефиристад, терминалҳои мо дастгирӣ мекунанд. Боз ҳам бартарии асосӣ дар ин ҷо набудани фоизҳо аст — 0% интиқол.

АМИТ «Ховар»:  Спитамен Бонк худро ҳамчун бонки технологӣ муаррифӣ мекунад ва чунин роҳи пешгирифта, фикр мекунем, ҷавобгӯи талаботи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Паёми навбатиашон аз вазорату идораҳо даъват карданд, то ки ҳарчи зудтар дар фаъолиятҳои худ шаклу усулҳо ва технологияҳои наву замонавиро ҷорӣ намоянд…

— Оре. Саддарсад дуруст аст. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки навовариҳои охирини худро ба шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ барои истифода пешниҳод кунем. Мо мекӯшем, ки саводнокии молиявии тоҷиконро баланд бардорем, то онҳо манфиатҳои пурраи пардохтҳои нақдиро мустақилона арзёбӣ кунанд. Якум ин ки  шаффоф аст,  дуюм,  қулай аст ва ба зиёд шудани эътимоди мардум ба бахши бонкӣ мусоидат мекунад.

Январь 23, 2020 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Департаменти омори Хазинаи Байналмилалии Асъор дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1170 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд