Таҷдиди роҳи мошингарди Шкев- Қалъаихум бо маром идома дорад

Январь 23, 2020 17:05

ХОРУҒ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сарфи назар аз иқлими сарду боронӣ 125 нафар роҳсозони ватанию хориҷии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин, мавсум ба «Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн» бо истифода аз техникаи муосири роҳсозӣ ба ҳамворкунии қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқум  оғоз карданд.

Дар баробари тахт кардани роҳ коргарон ба бунёди корхонаҳои тавлиди сангреза, хобгоҳ барои роҳсозон, соҳилмустаҳкамкунӣ,  ҳамчунин ба талаботи  замони муосир мутобиқ гардондани инфрасохтори атрофи ин роҳи байналмиллалӣ машғул мебошанд.

Сардори идораи сохтмон ва таъмири роҳҳои мошингарди вилоят Гулаёз Гулаёзов гуфт, ки масофаи ин қитъаи роҳ 26 километрро дар  бар гирифта,  аз деҳаи Шкев  оғоз ва то маркази ноҳия- шаҳраки Қалъаихумб идома меёбад. Дар ин масири роҳ бунёди се пул ба дарозии 74 метр ва васли як қубури ҳаҷман калони обгузар дар назар дошта шудааст. Маблағгузории қитъаи мазкурро  Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб  ба уҳда дорад.

Роҳсозон то имрӯз ду километр роҳро дар дашти Ёгед ва ду километри дигарро дар дашти Ширговад ҳамвор намуда, барои мумфаршкунӣ омода кардаанд. Ҳарорати ҳаво дар  фасли зимистон хеле паст аст, аз ин рӯ  қарор дода шуд, ки корҳои мумфаршкуниро фасли тобистон ба роҳ монанд.

Баъди ба итмом расидани сохтмони қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум навсозии роҳи 100-километраи Қалъаихум-Ванҷ оғоз мегардад. Ин қитъаи аз ҳама мушкилгузари роҳи Душанбе-Хоруғ дар қаламрави мамлакат буда, барои бунёди он вақт ва маблағи зиёд масраф мешавад.

Январь 23, 2020 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд