ВАБОИ АСР. Ва ё роҷеъ ба заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 11, 2020 08:57

ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.

Дар ин бора таваҷҷуҳ кунед ба мулоҳизаҳои мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА.

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.

Фирӯз Сайнозимзода

Таърихи инсоният гувоҳи он мебошад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Дар охири асри ХХ дар қатори дигар мушкилот, терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ табдил ёфтанд.

Дар радифи терроризм экстремизм низ яке аз ҷиноятҳои хавфнок мебошад ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (2 январи соли 2020, №1655) мафҳуми экстремизм ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».

Маълумоти воситаҳои ахбори омма шаҳодати он мебошад, ки махсусан солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ даҳшатовару бераҳм гардида, хатари ҷиддиро ба мустақилият ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардаанд.

Чунин хатарҳои мудҳишу манфурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар аз оқибатҳои номусоиду даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, бо нигаронӣ ёдовар мешаванд ва баҳри мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз назари илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд. Ҳамзамон баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Чунончи, Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳанӯз 22 апрели соли 2002 таъкид намуданд, ки «таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давоми солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта баъзе мамлакатҳо ба арсаи амалиёти ҷинояткоронаи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфтанд. Дар амали чунин дастаҳо ва гурӯҳҳо самти дақиқи террористию даҳшатафканӣ ба назар мерасид. Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд.

Созмон ёфтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо вазъи буҳронии иҷтимоию иқтисодӣ, паст рафтани сатҳи зиндагии баъзе табақаҳои аҳолӣ, низоъҳои байналмилалӣ, динӣ, нажодӣ ва иқтисодӣ иртиботи наздик дорад».

Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 25 апрели соли 2008 омадааст: «Шумо хуб медонед, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт аз амнияту суботи сиёсии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобаста аст. Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои хатарноки муосир терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба ин як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шудаанд, ки дар онҳо татбиқи тадбирҳои мушаххас, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуби ҷомеа пешбинӣ гардидааст».

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1997-2006 як зумра  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 1997, №707 «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (16 ноябри соли 1999, №845), «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (8 декабри соли 2003, №69), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки онҳо дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм нақши муҳим гузоштанд.

Ҳамчунин Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 роҷеъ ба Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №543 тасдиқ гардид, сухан карда, мақсад аз қабули онро чунин шарҳ доданд: «Мақсад аз он пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба вуҷуд овардани тағйироти куллӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷамъият мебошад».

Дар ҳамин Паём ба хотири пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор мегарданд.  Тавре таъки гардид: «Дар ин самт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хавфноки муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, одамфурӯшӣ, инчунин, дар роҳи таъмини сулҳу субот корҳои муайянро анҷом додаанд. Вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Аз ин рӯ, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар тақозо мегардад, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои зикршуда тақвият бахшанд».

Имрӯз терроризм ва экстремизм на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи тараққиёти онҳо таҳдиди бевосита мекунанд. Бинобар ин, тамоми кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии экстремисту террористон чораҳои қатъӣ андешида, қонунгузории кишвари хешро ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатовару нафратовар такмил диҳанд.

Бояд зикр кард, ки ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ноболиғону ҷавонон, ки яке аз табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ҷалб карда мешаванд, ки ин хеле нигаронкунанда ва ташвишовар мебошад. Зеро сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани шаҳрвандон, алалхусус ноболиғон ва ҷавонон ин истифода аз алоқаи барқӣ, интернет, аз ҷумла расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан, ноболиғон ва ҷавононро ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун даъват менамоянд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 апрели соли 2014 изҳор намуданд, ки «имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус, дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ба таври васеъ истифода мегарданд.

Вобаста ба ин, ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус, дар байни наврасону ҷавонон, бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд».

Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин амалҳо, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам такмил дода мешавад ва дар ин самт қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 13 марти соли 2016, №1294 ва №1301 ба имзо расиданд.

Мувофиқи иловаҳое, ки ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ворид карда шуданд, ба падару модарон ҳуқуқ дода шуд, ки аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд. Ҳамзамон, операторон ва провайдерон вазифадор шуданд, ки ба падару модарон маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон ройгон пешниҳод кунанд.

Дар асоси сархати чордаҳуми моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон уҳдадор карда мешаванд, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд.

Иловаҳои зикргардида ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар вазъияти муташанниҷи авзои сиёсии ҷаҳон, саривақтӣ ва зарурӣ буда, барои тақвият бахшидан ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд кумак менамояд ва ҷиҳати пешгирӣ намудани пайвастшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мусоидат мекунанд.

Гузашта аз ин, 26 июли соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки мақсади бевоситаи он иборат аз тарғиби шаҳрвандони мамлакат, бахусус, ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ мебошад.

Мувофиқи Қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав, яъне моддаи 4011, илова карда шуд, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол муқаррар мекунад.

Ҳамчунон бо мақсади баландбардории рӯҳияи шаҳрвандон ҷиҳати даст кашидани онҳо аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои хориҷӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудаи илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (18 марти соли 2015, №1176) ба имзо расид, ки мутобиқи он ба моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эзоҳ» илова гардид. Тибқи он шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар  ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашанд, агар дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Иловаи мазкур дар баробари пешгирии кирдорҳои ҷиноятӣ, ҳамчунин хусусияти тарбиявӣ дошта, ба шахсони раҳгумзада, бавижа, ҷавононе, ки ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтидаанд, имкон медиҳад, ки хатои худро ислоҳ намоянд ва ба ҳаёти осуда баргарданд.

Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016 дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам ироа гардид. Чуноне Сарвари давлат дар ин Паём қайд намуданд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ҳамин Паём бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат зарур донистанд, ки «дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремиз бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад».

Дар робита ба ин, Сарвари давлат дар Паёми зикргардида Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази миллии қонунгузориро вазифадор намуданд, ки муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои дахлдорро вобаста ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд. Ҳамчунон, тақозо гардид, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Ҳамин тавр, дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода мешавад. Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ, пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани кирдорҳои ҷиноятӣ ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, шахсоне, ки ба терроризм ва экстремизм мусоидат мекунанд, инчунин ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба моддаҳои 179 (Терроризм), 1793 (Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ), 305 (Хиёнат ба давлат), 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 3071 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), 3072 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), 3073 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 3074 (Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 Сарвари давлат бори дигар оид ба хавфу хатари терроризм ва экстремизм сухан карда, аз афзоиш ёфтани ин зуҳуроти номатлубу зишт изҳори нигаронӣ намуданд ва дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат вазифаҳои нав гузошта, аз ҷумла, тазаккур доданд, ки «аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Дар Паёми зикргардида Пешвои миллат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Дар натиҷа, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №318 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Қобили зикр аст, ки Қонуни қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ҳанӯз 8 декабри соли 2003 қабул шуда, бо дарназардошти афзоиш ёфтани хавфу хатари экстремизм дар ҷаҳони муосир зарурати таҳияи тарзу усулҳои нави муқовимат бо ин зуҳуроти манфуру зишт ба миён омад.

Ҳамин тавр, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро дар таҳрири нав қабул намуд. Ва он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи мамлакат 2 январи соли 2020, №1655 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  имзо шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур дар пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 Пешвои миллат роҷеъ ба амалҳои мудҳиши террористӣ ва таҳдиди ҷиддии терроризм ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният сухан карда, тазаккур доданд, ки «амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».

Ҳамчунин таъкид шуд, ки шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.

Дар ҳамин Паём Президенти мамлакат роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки ҳанӯз 16 ноябри соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, сухан карда, вобаста ба талаботи замон масъалаи дар таҳрири нав таҳия кардани онро таъкид намуданд. Дар иртибот ба ин масъала, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ вазифадор шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Хуллас, нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар самти муқовимат ба терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳо хеле бузург аст. Зеро дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз ҷониби Сарвари давлат роҳу усулҳои пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти манфуру зишт, аз қабили терроризм ва экстремизм муайян карда мешаванд ва дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳо таҳияву қабул мегарданд, ки онҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона карда мешаванд.

Январь 11, 2020 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ