Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Кордори муваққатии Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл мулоқот намуд

Январь 24, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо Кордори  муваққатии Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл мулоқот намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот Гулрӯ Ҷабборзода зикр кард, ки  ҳамкории судманд дар самти муҳоҷирати  меҳнатӣ  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея маҳз аз сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея  моҳи апрели соли 2015 сарчашма мегирад.

Тарафҳо ба дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла интиқоли неруи корӣ таваҷҷуҳ намуда, масъалаи баимзорасонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Кореяро, ки айни ҳол дар баррасии ин давлат  қарор дорад, муҳокима карданд.

Дар ин раванд Г.Ҷабборзода пешниҳод намуд, ки то муайян шудани мавқеи Корея ҷиҳати баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи  мазкур, баррасӣ ва мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи Барнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти дахлдори Ҷумҳурии Корея дар бораи фаъолияти меҳнатии мавсимии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Корея тезонида шавад.

Инчунин зимни вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани фаъолияти 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии низоми вазорат мавриди муҳокима қарор гирифта, Ли Вучёл таъкид намуд, ки  дархостҳои қаблан пешниҳодгардидаи роҳбарияти вазорат ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо таҷҳизоти техникии муосир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея пазируфта шуда, бо ин мақсад 200 адад компютер чун кумаки техникӣ расонида шуд.

Вазир барои кумаки техникӣ  миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати  тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар масъалаҳои муҳоҷират, касбомӯзӣ, табодули таҷриба ва дигар самтҳои ба манфиати тарафҳо равонагардида изҳори назар намуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Январь 24, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шараф Шерализода бо муовини котиби давлатии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба молияи байналмилалӣ мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд