ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар соҳили «Баҳри Тоҷик» маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ сохта мешавад

Февраль 26, 2020 09:25

 ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони  вилояти Суғд маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ ба истифода дода мешавад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, маҷмааи истироҳатию сайёҳӣ дар  мавзеи  хушбоду ҳавои соҳили «Баҳри Тоҷик» бо назардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат сохта мешавад. Маҷмааи истироҳатӣ аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар ҳудуди маҷмаа барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон дар ин митақаи сохтмонӣ  садҳо нафар ба  корҳои бунёдӣ  ҷалб гардидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ  дар саҳни истироҳатгоҳ ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда шинонид.

Ба истифода додани ин гуна иншоот дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ такони тоза бахшида, ҷиҳати муаррифии санъату тамаддуни пурғановати миллати мо ба хориҷиён имконоти васеъ фароҳам меоварад.

Зимнан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳмонхонаҳои атрофи «Баҳри Тоҷик» дидан намуданд. Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва истифодаи меъёрҳои меъморӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва санъати волои бунёдкориҳо оро додани бино дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба пешвози ҷашни бузурги умумимиллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди қариб 7000 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла зиёда аз 40 меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо имконияти қабули 680 нафар дар як вақт фаъолият доранд.

Барои сайёҳон 14 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва намунаи ҳунарҳои дастии ҳунармандон ташкил гардидаанд.

Акс аз бойгонӣ

Февраль 26, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд