Дар Душанбе таҳти унвони «Кундал» намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид

Февраль 18, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Кундал» намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат гузориш медиҳад, дар намоишгоҳ зиёда аз 55 адад мусаввараҳои устодону донишҷӯёни Донишкада, ки бештари онҳо кори дипломии донишҷӯён буданд, манзур гардид. Инчунин дар намоишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён тарзи омода намудани мусаввараи кундал пешниҳод шуд.

Дар намоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода,   муовини Вазири фарҳанг Зевар Давлатзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хонум Ясмин Гуедар, устодону донишҷӯён ва дӯстдорони санъати кундал иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр намуд, ки «баргузории намоиши имрӯза ба хотири эҳё ва муаррифӣ намудани ин навъи санъат мебошад. Зеро кундал барои мардуми тоҷик санъати нодире ба ҳисоб меравад, ки дар худ зебоиҳоро ифода мекунад».

Бояд тазаккур дод, ки санъати кундал на танҳо дар мусаввараҳо инъикос мегардад,  балки он асосан дар нақшҳои чӯбини бо гаҷ суфтакардашуда, ки ба рӯи он аз гил нақш партофта мешавад, истифода мешавад. Имрӯзҳо устоҳо барои он бештар аз маводи пурқувват-семент истифода мебаранд.

Сипас иштирокдорони намоиш аз маҳсули эҷоди устодону донишҷӯён дидан намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки санъати кундал аз  Осиёи Миёна сарчашма гирифта, ба асри ХV рост меояд. Дар он замон дар баъзе ёдгориҳои маркази қадимии тоҷикон- Самарқанд, Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой усули нави ороиш рӯи кор омад, ки қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро бо нақшу нигори аҷибе ва бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медоданд. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекунад. Имрӯз ин анъана танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, рӯз то рӯз ривоҷ ёфта истодааст.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат иброз доштанд:  «… дар мисоли як ҳунари нодир – кундалкашӣ ё кундалсозӣ садҳо рангу нақшу нигор мушоҳида мегарданд ва хушбахтона, ин ҳунари нафису дилкаш дар кишвари мо хеле инкишоф ёфтааст».

Ба андешаи муҳаққиқон, охирин ёдгориҳои кундалро дар Осиёи Миёна ба асри XIX нисбат медиҳанд. Гарчанде дар Тоҷикистон кундал ҳеҷ гоҳ аз байн нарафта буд. Зиёда аз ин, дар асри XX кундал дубора на танҳо дар шакли маъмулӣ, балки дар шакли нави ғайрианъанавӣ низ эҳё гардид. Махсусияти дигари кундали муосири тоҷик дар он аст, ки аз охири садаи XX сар карда, дар ин ҷода рассомони ҷавон  қадам гузошта, наққошиҳои бо зебоӣ тасхиркунандаро бо нақшу нигори табиӣ офариданд.

Тавре дар суҳбат бо мо донишҷӯи бахши сеюми Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Иброҳим Хунҷонов иброз намуд, «санъати кундал аз шахс таҳаммулпазирӣ ва дониши васеъ талаб мекунад. Он нозукиҳои ба худ хос дорад, ки дар дигар навъи санъат мушоҳида намешаванд. Аввал шакли онро омода карда, баъд дар коғази сафед мегузаронем. Сипас семент ва ширеши махсусро бо ҳам омехта карда, ба рехтани кундал оғоз мекунем».

Донишҷӯёне, ки кори дипломии худро дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта буданд, иброз медоранд, ки ин санъат аз шахс завқу рағбати зиёд талаб менамояд.

Февраль 18, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад