Дар Ҳисор ширкати сайёҳии «Hisor Travel» ба фаъолият оғоз намуд

Февраль 11, 2020 15:37

ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар  доираи эълон гардидани  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар шаҳри Ҳисор  ширкати сайёҳии «Hisor Travel» ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА. Ин дар ҳолест, ки  соли сипаригардида аз  мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин шаҳри бостонӣ  82 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан намуда,  бо ёдгориҳои таърихию меъмории он аз наздик  шинос гардиданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма 11 феврал изҳор намуд, ки танҳо соли 2019 аз   Мамнӯъгоҳи таърихию  фарҳангии Ҳисор, ки  бо номи «Қалъаи Ҳисор»  машҳур  аст, зиёда аз 40 ҳазор нафар меҳмонон боздид намуданд, ки аз ин 8 ҳазор нафарро сайёҳони хориҷӣ  ташкил медиҳанд.

Раиси шаҳри Ҳисор зикр кард, ки дар доираи эълон  гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ  дар шаҳри Ҳисор  хатсайри нави сайёҳии табиии экологӣ-таърихию фарҳангӣ дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо таъсис дода шуд. Инчунин солҳои охир боздиди сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъҳои зебоманзари шаҳр меафзояд. Танҳо соли гузашта аз  дараи Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ бештар аз 50 нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд.

Дар нишасти хабарӣ Раиси шаҳри Ҳисор гуфт, ки бо дарназардошти муаррифии таъриху тамаддуни Ҳисор ба ҷаҳонгардон ва меҳмонон бори нахуст дар миқёси ҷумҳурӣ дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» бозори минтақавии ҳунармандӣ таҳти унвони «Бозори ҳунармандон» бо ҷалби ҳунармандони шаҳру навоҳии тобеи марказ ташкил гардид. Бозори намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби ҳунармандон рӯзҳои якшанбе ташкил ва гузаронида шуда, ҳунармандон дастранҷи худро, аз қабили борхалтаҳои занона бо рамзҳои миллӣ, ҷузвдон барои наварӯсон, тоқиҳои занона ва мардона, либосҳои пашмини табиӣ, асбобҳои рӯзгор, аз қабили табақҳои чӯбӣ, кӯрпаву болиштҳоро ба фурӯш мебароранд.

Бо дахли рушди инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода афзуд, ки  алҳол дар шаҳри Ҳисор се меҳмонхона, 16 бӯстонсаро  ва  шаш осоишгоҳ, аз қабили «Шоҳамбарӣ», «Сатурн», «Сангчашма» фаъолият намуда, ба сайёҳону меҳмонон дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. Зикр шуд, ки алҳол дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» корҳои таъмиру таҷдид идома дошта дар назар аст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳи мазкур  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Алҳол дар ҳудуди шаҳри Ҳисор қариб 90  ёдгории таърихӣ, аз ҷумла ҳашт  ёдгории монументалӣ, 12 адад меъморӣ ва 67 адад археологӣ мавҷуд мебошанд. Бо мақсади муаррифии ёдгории таърихие, ки намунаи зиндаи таърихи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён шинос менамояд- «Қалъаи Ҳисор», ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст,  соли гузашта ба ин шаҳри бостонӣ барои шабакаҳои телевизионҳои дохилӣ ва хориҷӣ, назири Шабакаи якуми телевизиони Россия, ТВ «Поехали» бо барномаи «Звуки всюду»,  НТВ-и Россия бо барномаи «Поедем Поедим», Мир 24, «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар, шабакаи телевизиони Қазоқистон «Казах – ТВ», «Нейшнл Ҷеографик», ҳайати эҷодии рӯзномаи байналмилалии «Файнаншл Таймз» пресс-турҳо ташкил гардида, аз ҷониби ин шабакаҳо маводи ҷолиб оид ба захираҳои сайёҳии ин минтақа сабт ва намоиш дода шуданд.

Февраль 11, 2020 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд