ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Олимон ба АМИТ «Ховар» навиштаанд: «Дар асоси китоби «Тоҷикон» таҳияи филмҳои бадеию мустанади бисёрсериягӣ мувофиқи мақсад мебошад…»

Февраль 1, 2020 08:14

ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир намоиши филмҳои бисёрсериягии хориҷӣ мӯд шудааст, ки онҳо метавонанд мардуми моро аз расму оин, либоспӯшӣ ва фарҳанги тоҷикиамон дур созанд. Хуб мешуд киносозони ватанӣ, коргардону таҳиягарони тоҷик, ки ғуруру ифтихори баланди миллӣ доранд,  дар асоси китоби пурарзиши «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо забонҳои тоҷикию хориҷӣ таҳияи филмҳои бадеию мустанади бисёрсериягиро ба роҳ монанд. Ин пешниҳодро олимони тоҷик бо бардошт аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтароам Эмомалӣ Раҳмон ба АМИТ «Ховар» манзур намудаанд.

Яке аз фарқиятҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки Сарвари давлат ба баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, махсусан ҷавонон диққати зиёд дода, бо ҳидоятҳои воқеии хеш роҳи ноил шудан ба ин мақсадро нишон доданд.

Мусаллам аст, ки асоси маънавиёт хонишу дониш асту моддиёт маҳсули маънавиёт аст. Барои ҷомеаи устувор маънавиёти устувор зарур аст. Мутаассифона, соҳиб гардидан ба маънавиёт нисбат ба моддиёт душвортару мураккабтар ва тӯлонитар аст. Инро ба ҳисоб гирифта, Президенти мамлакат «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Зиёда аз ин бо вуҷуди он ки дар ҷумҳурӣ Консепсияи миллии тарбия амал менамояд, чун тадбири иловагӣ, вале хеле заруриву саривақтӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро чорабинии ҳукуматии ҳарсола муқаррар намуданд.

Ибтикори дигаре, ки бунёди маънавиёт, худшиносӣ, ватаншиносӣ, миллатшиносии ҳар фарди ҷомеаро устувор мегардонад, ин даъват ба хондан ва донистани таъриху забони худ аст. Бо ин мақсад Пешвои миллат ба халқи мамлакат муроҷиат карда, иброз карданд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».

Воқеан ҳам дар ин замони ба ном «ҷаҳонишавӣ»  нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ душвор мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир соҳибони забонро Сарвари давлат огоҳ менамоянд, ки на танҳо пеши роҳи фанояш гирифта шавад, балки ҳар соҳибзабон барои рушди он саҳмгузорӣ намояд. Саҳмгузории соҳибзабон дар гуфтору муошират ва ҳуҷҷатнигорӣ тозаву беолоиш доштани забон, яъне риояи қоидаҳои он, бо маврид истифода бурдан аз ғановати таркиби луғавии он буда, яке аз нишонаҳои худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Забону таърих ба ҳам тавъам  мебошанд. Аз ин ҷост, ки бо истифода аз забон мо таърихамонро меомӯзем. Таърих решаву бунёди халқу миллатро муайян менамояд. Барои хубу дуруст донистани арзиши имрӯз таърихи гузашта мадад мерасонад. Ҳар фарди бедордил таърихи халқашро бояд донад, вале мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки саҳми таърихро дар ҷомеаи кунунӣ сарфи назар мекунанд, як чизи зиёдативу нозарур меҳисобанд, ки ин «нигилизм»-и илмист. Надонистани таърихи худ теша ба решаи худ задан аст. Бинобар ин илми таърих бояд пайваста омӯхта шавад ва  тавре Сарвари давлат таъкид намуданд: «Олимону донишмандони моро зарур аст,  ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».

Хушбахтона, мо осори зиёди таърихӣ дорем ва онҳоро бояд самаранок истифода барем. Бо мақсади аз таърих огоҳ гардонидани ҷомеа ва махсусан ҷавонон Сарвари давлат чунин ҳидоят карданд: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»–ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 –солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намояд».

Чунин ташаббуси Пешвои миллат моро водор месозад, ки ин асарро на танҳо биомӯзем, балки нуктаҳои онро дар ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаамон баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллиамон истифода барем.

Воқеан ҳам «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров асари нотакрору фарогир буда, дар он мисли таърих, таърихи забон, адабиёт, дин,  фарҳанг, илм, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, меъморию сохтмон, косибию зироат ва соҳаҳои дигар хеле равшану возеҳ ва боэътимод ба таҳлил гирифта шудаанд. Бинобар он боз ҳам беҳтар мешуд, агар мисли осори адибони маъруф онро соҳа ба соҳа омӯхта, порчаҳои (ҷузъҳои) марбути соҳаҳоро дар шакли китобҳои алоҳида (масалан, «Адабиёт дар «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров», «Фарҳанг дар «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров», «Меъморию сохтмон дар «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров» ва ғ. танҳо худи матни баргузидаи асар) интишор ва дастраси хонандагон гардонем. Дар он сурат ҳам дастрасӣ ва ҳам омӯзиши он сабуктар гардида, барои иҷрои супориши Президенти ҷумҳурӣ саҳмгузории амалӣ мешавад.

Умуман барои расидан ба ҳадаф аз роҳу усули гуногун истифода бурдан иқдоме хоҳад шуд барои татбиқи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин қазияро ба масъалаи стратегии давлат табдил додаанд.

Туғрал ШОКИРОВ,
профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ,
доктори
илмҳои филологӣ,

Мӯътабар ҒОЗИЕВА,
устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ
ба номи академик М. С. Осимӣ

Февраль 1, 2020 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода