IRS: Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои мошинҳои дорои бордон, таъмин аст

Февраль 10, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар масири роҳи мошингарди ДушанбеЧаноқ бориши барф торафт шиддат гирифта, тибқи пешгӯии Агентии обуҳавосанҷӣ, ин ҳолат чанд рӯзи дигар идома меёбад. Чун ҳарвақта кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи хубу босифат амалӣ намудани рисолат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода карда, дар ин замина ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои мошинҳои бордондор (барои муддати кӯтоҳ) таъмин аст. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати  мазкур  Далери Абдулло хабар дод.

Бино ба иттилои мавсуф, тозакунии роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам анҷом ёфта, роҳбарияти филиали Ширкат, масъулини Вазорати нақлиёт, раёсати БДА ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулдда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа қарор доранд.

Манбаъ меафзояд, ки «аксар маврид  риоя накардани талаботи мавҷуда сабаби дар масири зикршуда ба вуҷуд омадани танбашавии мошинҳо гашта, техникаву механизмҳои махсусгардонидашудаи филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба макони зарурӣ барои бартараф намудани монеаҳо сафарбар шаванд. Як идда ронандагон зимни ҳаракат дар ин роҳ сабаби асосии ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардидани аксарият мешаванд. Ин ронандаҳо  ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, таъкиди масъулинро вобаста ба бастани занҷир сарфи назар мекунанд, бо мошинҳое, ки дорои тири пешбар нестанд, азми сафар мекунанд»,-гуфт Далери Абдулло.

Д.Абдулло  таззакур дод, ки «дар натиҷа, ашхоси аз асли масъала ноогоҳ ба ҳолати мазкур баҳои ғайривоқеӣ дода, муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиётро нодуруст бозгӯӣ менамоянд. Ба маълумоти ронандагони гиромӣ мерасонем, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз  ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддилағжиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будани онҳо бояд дар мадди назар бошад».

Ба иттилои манбаъ, мушкилӣ асосан дар километрҳои 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба тоза кардани роҳ шурӯъ карда, роҳро бо моддаҳои зиддилағжиш  коркард менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар аксар қитъаҳои роҳи Душанбе – Чаноқ  баландии барф зиёд буда,  дар ҳолати зарурӣ  маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт  дар навбати аввал ба бехатарии ронандагону мусофирон   рабт дорад».

Бояд тазаккур дод, ки то ин муддат  барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон 18020 тонна маводи зиддилағжиш,  273 000 литр сӯзишвори дизелӣ, 3345 литр равғанҳои молиданӣ, 91 тонна ангишт, 54 метри кубӣ ҳезум, 113 автошина (балони воситаҳои нақлиёти махсусгардонишуда)  ва  ба қадри зарурӣ сару либоси зимистонаи махсус барои кормандон захира шудааст.

Ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат — нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони  филиали ширкат роҳи Душанбе – Чаноқ умуман баста набуд. Мавҷудияти зиёда аз 210  мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ далели возеҳи он аст, ки ширкат дар нигоҳдории роҳ  хеле фаъол аст.

Февраль 10, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд