ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Февраль 18, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориш шиддат  мегирад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат мегирад.  Шамол  аз самти шарқ бо  гузариш ба ғарб бо суръати  3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои  абрнок дар назар буда, рӯзона боридани борон ва барфи бошиддат  пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  2-7 дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, борон меборад.  Дар  қисмати дуюми рӯз боридани барфи тар дар назар аст.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 18, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид