Яке аз роҳҳои асосии ҳифзу нигаҳдории забон тарғиби китобхонист. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Февраль 21, 2020 10:16

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мегардад, ки мақсади он ҳифзи забонҳо мебошад. Дар робита ба мақому манзалати забони модарӣ – забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногун, рушди он ва ҳифзи забони модарӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин НАЗАРЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Тибқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, забони модарӣ забонест, ки онро инсон бидуни омӯзиши махсус ҳамчун аввалин забон аз даврони тифлӣ, дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад.

Дар даврони ҷаҳонишавӣ забонҳои расмиву давлатӣ зери нуфуз  ва таъсири забонҳои пурқудраттарини ҷаҳон қарор гирифта, зери хавфи аз даст додани ҳувияти забонӣ  қарор доранд. Масъалаи ҳифзу нигаҳдории забони модарӣ дар ҷаҳони имрӯза  дар кадом ҳолат қарор дорад?

Сайфиддин Назарзода: Забони модарӣ  нахустин ва пойдортарин нишони безаволии миллат аст. Забони модарӣ аз овони кӯдакӣ ҳамроҳ бо шири модар дар хонавода ба тору пуди ҳар инсон мепечад ва ҳар шахс якҷоя бо забони модарии худ ба камол мерасад. Забони модарӣ  решаи ҳувияти  миллии инсон гардида, меросу ирсияти  чандин наслро дар ҳувияти шахс побарҷо мегузорад.

Яъне забони модарӣ ба воситаи модар ва хешовандони наздик  ба кӯдак мегузарад ва асоси ҳувияти ӯ зимни  аз худ кардани арзишҳо, боварҳо ва суннатҳои миллӣ устувортар мегардад.

Забони модарӣ бо сухани ноб пайванди  ногусастанӣ дорад, зеро ҳар гоҳ сухан аз асолати  миллӣ ва баргашт ба решаҳои миллӣ ба миён меояд, ҳифз, нигаҳдорӣ ва густариши забони модарӣ ба ҷойгоҳи аввал мебарояд.

Дар ҷаҳон аз рӯйи таҳқиқи забоншиносон  беш аз шаш ҳазор забон  вуҷуд доранд, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум 96 дарсади  мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар  аз 100 забони дунё  ба ҳайси забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни ин забонҳо  забони тоҷикӣ- забони давлатии Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли  Тоҷикистон низ аст.

Дар даврони ҷаҳонишавӣ ҳамин забонҳои расмиву давлатӣ ҳам зери нуфуз  ва таъсири забонҳои пурқудраттарини ҷаҳон, аз қабили англисӣ, русӣ, франсавӣ, немисӣ ва чинӣ қарор гирифта, дар бисёр ҳолат дар сатҳҳои гуногуни истифодаи забон ҷои худро ба ин забонҳо дода истодаанд ва аз ин лиҳоз дар зери хавфи аз даст додани ҳувияти забонӣ  қарор доранд.

Агар ба омори ҷаҳонӣ нигарем, соли 2000-ум 62 дарсади  китобҳои чопшудаи ҷаҳон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост омада, 80 дарсади тамоми хабарҳои ҷаҳонӣ ба воситаи Ню Йорк, Париж ва Лондон паҳн мегарданд. Соли 1996 Иёлоти Муттаҳидаи Америка 75 дарсади тамоми нармафзорҳои компютерии ҷаҳонро содир кардааст. Нобудшавии забонҳои маҳаллӣ низ яке аз хусусиятҳои хоси замони имрӯз аст. Танҳо дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ зиёда аз 90 забони маҳаллӣ аз байн рафтааст. Ин рақаму далелҳо собит месозанд, ки имрӯз  масъалаи ҳифзу нигаҳдории забони модарӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои бунёдии нигаҳдории асолат ва ҳувияти  миллӣ мубаддал гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Ҳар як миллату давлат барои нигаҳдории асолати миллӣ ва ҳифзу густариши забони миллии худ аз раванду усулҳои гуногун истифода мекунад. Ба андешаи Шумо  тарғиби китобхонӣ, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат авҷи тоза гирифтааст, метавонад яке аз роҳҳои асосии ҳифзу нигаҳдории забон бошад?

Сайфиддин Назарзода: Албатта, яке аз роҳҳои асосии ҳифзу нигаҳдории забон тарғиби китобхонӣ ҳам ба маънои суннатӣ, яъне рӯй овардан ба шакли чопии маводи забонӣ ва ҳам истифода аз маводи рақамӣ (интернет, диск ва дигар ҳомилҳои электронӣ) мебошад. Вале дар байни онҳо дар шароити имрӯзӣ китоб ё маводи чопӣ дар шакли китоб яке аз сарчашмаҳои асосии маводи забонӣ боқӣ мемонад.

Бале, китоб сарчашмаи илму дониш аст. Китоб моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ  шинос месозад. Китоб барои аҳли башарият дари дониш, хираду фарҳангро мекушояд ва инсонро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавон мебахшад.

Тоҷикон дар тамоми тӯли таърихи  башарият соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, китобро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд, чунки китоб сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат буда,  беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мебошад. Китоб таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостониву имрӯзаро бар худ  нигоҳ медорад. Китоб бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, сабаби ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.

Аҳли зиёи тоҷик аз қадим то замони мо китобҳои зиёди илмҳои мухталифи давру замон, фалсафаву дин, ахлоқу одоб, тартибу қоидаҳои зисту маишат, кайҳоншиносӣ, риёзӣ, тиббӣ, кимиёвӣ ва ғайра аз худ боқӣ гузоштаанд.

Он иқдоме, ки имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷалб кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ, ташкили китобхонаҳо ва ҳамасола   идома додани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гирифта шудааст, бисёр иқдоми дурандешона мебошад. Тавре дар боло таъкид намудам, яке аз роҳҳои асосии ҳифзу нигаҳдории забон – ин тарғиби китобхонӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Бешубҳа, дар сарзамини бостонии мо китобу китобнависӣ анъанаи хеле қадимӣ дорад. Китобдорӣ ва бунёди китобхонаҳо дар кадом давраҳо равнақи тоза  пайдо  карданд?

Сайфиддин Назарзода: Дар сарзамини бостонии мо китобу китобнависӣ анъанаи қадимӣ дошта, нахустин китоби мардуми эронинажод «Авесто» дар 12 ҳазор пӯсти гов навишта шуда буд. Хаттотони машҳури Балху Бухоро, Самарқанду Хуҷанд, Марву Ҳирот, Хатлону Кобул ва дигарон асарҳои донишмандони худро дар пӯсти нахчир, дар коғазҳои хушсифат рӯбардор менамуданд. Китобдорӣ ва китобхонасозӣ дар замони ба сари қудрат омадани сулолаҳои тоҷикии хонадони Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва хусусан, дар аҳди Сомониён хеле рушду густариш ёфт.

Дар давраи Сомониён халқи тоҷик давлати миллии худро пурра таъсис дод, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, сиёсӣ, низомӣ, дипломатӣ адабӣ густариш ёфт. Китобдорӣ ва бунёди китобхонаҳо аз нав  равнақи тоза  пайдо  кард. Аксари шаҳрҳо китобхона доштанд. Дар аҳди Сомониён китобхонаҳои дарборӣ, шахсӣ ва муассисоти динӣ фаъолият менамуд. Дар пойтахти давлати Сомониён —  шаҳри Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китобхона- «Сивон-ул-ҳикмат» фаъолият дошт, ки ба илми  китобхонашиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт.

Доир ба ин китобхона Абуалӣ ибни Сино чунин навиштааст: «Рӯзе аз ӯ (Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ) иҷозат пурсидам, ки ба китобхонаи эшон дароям ва ба мутолиа ва хондани китобҳои тиб, ки дар он ҷост, бипардозам. Вай маро иҷозат дод ва вориди сарое шудам, ки хонаҳои бисёр дошта, дар ҳар хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чида шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмии арабӣ ва китобҳои шеър, дар дигараш китобҳои фиқҳ ва ҳамин тавр дар хонае як илме ҷой дошт. Сипас, феҳристи китобҳои пешиниёнро  мутолиа намуда он чиро, ки бад-он  ниёз доштам, хостам. Китобҳоеро дидам, ки бисёр касон ҳатто номашонро  намешуниданд. Он китобҳоро хонда, ғизои маънавӣ гирифтам ва андозаи дониши ҳар мардро шинохтам».

Баъди аз байн рафтани Сомониёну Ғуриён ва ба сари қудрат омадани сулолаҳои гуногун — туркиву муғулӣ, ғазнавӣ, қарахонӣ, салчуқӣ, қарахитоӣ, чағатоӣ таъсири суннатҳои китобдорӣ ва фаъолияти китобхонаҳои даврони Сомониён хеле бузург буд. Баъди истилои сарзамини аҷдодии тоҷикон онҳо ночор ва батадриҷ ҳаёти шаҳрӣ ва зироаткориро  қабул карданду рӯ ҷониби китобу китобхона ва мактабу масҷид меоварданд. Вале китобҳои зиёде бар асари ҳуҷуму тохтутозҳои аҷнабиён тороҷ шуда, дар натиҷаи кашмакашҳои феодалӣ пурра барбод  рафтанд. Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст иброз медоранд, ки «ҳар лашкаркаше, ки ба сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ҳамла меовард, пеш аз ҳама, марказҳои маънавӣ ва китобхонаву донишмандонро маҳву нобуд месохт». Вале мардуми ҷоннисори тоҷик баъди ҳар тороҷгариву тохтутозҳои ҷаҳонсӯз мисли мурғи самандар аз ҳалқаи оташ берун меҷаст ва боз ҳам зиндагонии навини худро аз бунёди китобхонаву муассисаҳои таълимӣ оғоз мекард.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрии пойтахт таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000 — солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993   китобхона мақоми миллиро дарёфт кард.

АМИТ «Ховар»: Аз давраи Сомониён то аз байн рафтани сулолаи Темуриёни Ҳинд ва забони расмӣ эълон гардидани забони англисӣ дар Ҳиндустон забони модарии мо аз Осиёи Хурд то нимҷазираи Ҳиндустон забони расмии давлатдориҳои  хурду бузурги ин минтақа буд. Ҳамагон гумон мекунанд, ки омили аслии ин густариши забонӣ гӯё  ҳуҷумҳои низомӣ ба ин минтақаҳо будааст. Шумо чӣ андеша доред?

Сайфиддин Назарзода: Забони модарии мо, тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар нимаи дуюми ҳазорсолаи аввали мелодӣ, яъне дар асрҳои V-VII мелодӣ тадриҷан ҷои забонҳои ба ҳам наздики минтақаи Эронзамини таърихиро (забонҳои форсии  миёна, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ ва ғайра)  гирифт.

Дар ибтидои  истилои араб дар набарди ҷонсӯз  ба забони тавонои  динӣ, давлатӣ  ва илмии  ҷаҳони ислом- забони арабӣ  пирӯз гардида, аз садаи IX мелодӣ ба забони расмӣ ва минбаъд забони илмии ин минтақа табдил ёфт. Аз давраи Сомониён то аз байн рафтани сулолаи Темуриёни Ҳинд ва забони расмӣ эълон гардидани забони англисӣ дар Ҳиндустон (ибтидои асри ХIX) забони модарии мо дар минтақаи васеъ аз Осиёи Хурд то нимҷазираи Ҳиндустон забони расмии давлатдориҳои  хурду бузурги ин минтақаи  паҳновар буда, дар рушду густариши фарҳангу тамаддуни башарӣ нақши бузурге доштааст.

Бале, ҳамагон гумон мекунанд, ки забони модарии мо ба тамоми ин минтақаҳо ба воситаи истилогарон паҳн шудааст ва омили аслии ин густариши забонӣ гӯё  ҳуҷумҳои низомӣ ба ин минтақаҳо будааст. Вале ин ҷо як нуктаи муҳим ва сарнавиштсози таърихӣ ба назар гирифта намешавад. Бояд гуфт, ки агар ба харитаи густариши забони модарии мо назар афканем, мебинем, ки аксари ин минтақаву сарзаминҳо таърихан  ба Эронзамини бостонӣ иртибот дошта, дар ин минтақаҳо аз замонҳои  қадим қавмҳо ва халқиятҳои ориёӣ сукунат доштаанд ва онҳо ба таври куллӣ ҳомилони  фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои умумӣ ва муштарак буданд.

Ин омил ва ҷавҳари асосӣ заминаи муносиберо барои рушду густариши забони модарии мо дар ин минтақаҳо фароҳам овардааст. Ин забонҳо ва гӯишҳои эронӣ дорои алоқаҳо ва иртибототи густурда буда, дар дарозои чандҳазорсолаи таърихӣ бо ҳам дар паҳнои васеъ додугирифти фарҳангиву забонӣ дошта, дар бисёр мавридҳо дар баробари доштани лаҳҷаву гӯишҳои мухталиф ягонагии забони умумӣ ва ваҳдати фарҳангиву иҷтимоии худро нигоҳ доштанд.  Вақте гунаи нави забонӣ- забони тоҷикӣ ба ин минтақаҳо ворид шуд, дар ин ҷойҳо тазоди забониву фарҳангӣ ба вуҷуд наовард, баръакс онҳоро бо ҳам муттаҳид кард.

Аз нуқтаи назари фарҳангӣ тамоми ин қавму миллатҳо дар масири таърих мероси фарҳангӣ  ва риштаи ҳувияти миллии ягонаро дар хотира ва зеҳни ирсии худ нигоҳ доштанд, ки минбаъд дар густариши забони ягонаи расмӣ ва пуштибонии ин ақвому миллатҳо аз ин ҷараёни ваҳдатсози миллӣ ба таври возеҳу бармало маълум мешаванд. Ҳамин пуштибонӣ ва  нигаҳдориву  мувозибат буд, ки забони модарии  мо аз асри ХII то нимаи аввали асри XIX дар муддати беш аз ҳафтсад сол дар як минтақаи  васеи ҷаҳон забони байналмилалӣ гардид ва ваҳдати фарҳангиву тамаддунии  ин сарзаминро нигоҳ дошт.

АМИТ «Ховар»: Дар раванди ҷаҳонишавии захираҳои иттилоотӣ дар ҷодаи  рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии  рушди забони модарӣ ва таҳким бахшидани пояҳои   тамаддуниву  фарҳангии давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва  иҷтимоии Тоҷикистон забони модарии хешро чӣ гуна ҳифз кунем ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонем?

Сайфиддин Назарзода: Имрӯз забони модарии мо дар се ҳавзаи забонӣ- Тоҷикистону  Эрону Афғонистон дар ҳоли густаришу равнақ  қарор дошта, вазифаи иҷтимоии худро ҳамчун забони расмиву  коргузорӣ ва давлатӣ  бо муваффақият иҷро карда истода,  дар ваҳдати фарҳангиву тамаддунии ин  сарзамини васеъ  нақши  муассир мегузорад.

Дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ забони давлатӣ буда, он дар  асоси Конститутсия  ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад.  Дар даврони истиқлолият  барои рушду густариши забони модарӣ тамоми шароит фароҳам омадааст  ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронӣ дар  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (8 сентябри соли 2005)  «Умри миллат  ба умри забон вобаста аст.  Барои он, ки номи миллат  аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд  нашавад, бояд  чароғи раҳнамои  худшиносию  худафрӯзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Имрӯз забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш  дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи  рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии  рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад.

Мо бояд дар чунин шароит саъю кӯшиш кунем, то    рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу  инкишофи онро таъмин  намоем ва  аз осори  бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ,  динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии  аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузошта шудаанд,  барои таҳким бахшидани пояҳои   тамаддуниву  фарҳангии давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва  иҷтимоии Тоҷикистон ба таври самарабахш истифода намоем.

Февраль 21, 2020 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад