Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНУ ПУДРАТЧИЁН !!!

🕔17:06, 27.Мар 2020

ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИД Комиссияҳои муштараки озмуни хариди Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти ваколатдор, суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шота Руставелӣ 22, тел: 221-47-03, 223-11-80) ва ташкилотҳои харидор довталабони

Матни пурра
Волейболбозони ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқаи шаҳри Кӯлоб    гардиданд

Волейболбозони ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқаи шаҳри Кӯлоб гардиданд

🕔17:02, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз байни мардон мусобиқаи волейбол баргузор гардид, ки дар даври ниҳоии он 4 даста бо ҳам рақобат карданд. Даври минтақавии мусобиқаи волейбол байни мардон дар толори варзишии

Матни пурра
Ҷаласаи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид

Ҷаласаи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид

🕔16:40, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 март дар шаҳри Москва дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар Ҷумҳурии Арманистон ба нақша гирифта шудааст, ҷаласаи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои ИДМ аз ҷониби

Матни пурра
Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо узви Ҳукумати вилояти Свердловск

Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо узви Ҳукумати вилояти Свердловск

🕔16:10, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 27 марти соли 2020 дар шаҳри Екатеринбург Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Василий Козлов — бо ибтикори ҷониби россиягӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ

Матни пурра
Иқдоми  «Авангард»  барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар мамлакат шоистаи пайравист

Иқдоми «Авангард» барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар мамлакат шоистаи пайравист

🕔16:06, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳи ҷамъиятии ҷавонони «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID- 19) дар мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар баробари додани тавсияҳои муфид   ба ҳамсуҳбатони худ,  ба таври  ройгон  ба онҳо  маводи муҳофизатӣ,

Матни пурра
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардид

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

🕔16:00, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ

Матни пурра
Шакармамад Мирмамадов Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштин -мошини сабукрав дар ноҳияи Ванҷро соҳиб  шуд

Шакармамад Мирмамадов Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштин -мошини сабукрав дар ноҳияи Ванҷро соҳиб шуд

🕔15:40, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора

Матни пурра
КМИР: Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд

КМИР: Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд

🕔15:26, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд. Аз ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ 25 нафар ба узвияти Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи

Матни пурра
«БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД…». Сарояндаи маъруфи итолиёвӣ ба нишони таслият ба мардуми Италия ва Эрон, ки беш аз дигарон аз хурӯҷи  коронавирус зарар дидаанд, сурудеро бар матни Саъдӣ замзама намуд

«БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД…». Сарояндаи маъруфи итолиёвӣ ба нишони таслият ба мардуми Италия ва Эрон, ки беш аз дигарон аз хурӯҷи коронавирус зарар дидаанд, сурудеро бар матни Саъдӣ замзама намуд

🕔14:58, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Сарояндаи маъруфи итолиёвӣ Киаро Попо сурудеро бар матни Саъдии Шерозӣ эҷод ва бо забони зебои тоҷикии форсӣ  замзама намуд, ки он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёд ва гармеро ба вуҷуд овардааст. Киаро дар шарҳи ин суруд навиштааст,

Матни пурра
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони боварӣ  бо  рақами 511 фаъол  гардид

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус телефони боварӣ бо рақами 511 фаъол гардид

🕔14:51, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 фаъол намуд. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  вазорат  аз сокинони мамлакат  хоҳиш менамояд, ки дар

Матни пурра
Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ чорабиниҳои байналмилалиро бо сабаби ҳамагирии коронавирус мавқуф мегузорад

Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ чорабиниҳои байналмилалиро бо сабаби ҳамагирии коронавирус мавқуф мегузорад

🕔14:40, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ чорабиниҳои байналмилалии дар моҳи апрел ба нақшагирифташуда, аз ҷумла, машварати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо –аъзои ИДМ, 51-умин машварати умумӣ ва тантанавии АБД бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои

Матни пурра
Барои кӯдакон филми тасвирӣ оид ба пешгирии коронавирус таҳия шуд

Барои кӯдакон филми тасвирӣ оид ба пешгирии коронавирус таҳия шуд

🕔14:32, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дастгирии молиявии Фонди кӯдакон ЮНИСЕФ  ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда оид ба

Матни пурра
ФУТБОЛ: 5  апрел   Чемпионати  Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста  оғоз  мешавад

ФУТБОЛ: 5 апрел Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз мешавад

🕔14:25, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  5  апрели соли равон  Чемпионати  Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 бо иштироки даҳ даста  оғоз  мешавад. Дар ин бора мухбири  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ

Матни пурра
COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия аз ҳазор нафар гузашт

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия аз ҳазор нафар гузашт

🕔14:01, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 182 нафар зиёд шуда, акнун теъдоди умумии онҳо дар ин давлат 1036 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи беморони шифоёфта ва фавтидагон низ дар Россия зиёд шуда, мутаносибан

Матни пурра
Профессор Саидбек Сатторов: «Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашударо   ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд»

Профессор Саидбек Сатторов: «Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашударо ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд»

🕔13:31, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои  пешгирӣ аз сирояти коронавирус истифодаи  ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад. Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта 

Матни пурра
Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои сафарҳои виртуалӣ шомил шуд

Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои сафарҳои виртуалӣ шомил шуд

🕔13:11, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои сафарҳо ва саёҳати виртуалӣ, экскурсияҳои виртуалӣ ба осорхонаҳо ва маконҳои тамошобоби шаҳрҳо ва кишварҳои ИДМ шомил шуд. Рейтингро портали сайёҳии Тур Стат муаррифӣ

Матни пурра
Аз 28 март воридшавии хориҷиён ба ҳудуди Чин  манъ мегардад

Аз 28 март воридшавии хориҷиён ба ҳудуди Чин манъ мегардад

🕔13:02, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 28 март мақомоти Чин воридшавии шаҳрвандони хориҷиро ба мамлакат бо раводид ва иҷозатномаи истиқомат муваққатан манъ мекунанд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар изҳороти интишоршудаи Идораи  давлатии муҳоҷирати

Матни пурра
Дар Аврупо зиёда аз 250 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст

Дар Аврупо зиёда аз 250 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст

🕔13:00, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Аврупо теъдоди зиёди сироятёфтагон ва фавт аз коронавирус: 250 287 ҳолати сироят ва 13 950 фавт ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).  Дар ҷои дуюм минтақаи

Матни пурра
COVID-19. Дар Осиёи Марказӣ ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

COVID-19. Дар Осиёи Марказӣ ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

🕔11:53, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 27 март шумораи шахсони мубтало ба коронавирус дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба 251 ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 2001 нафар расид. Ғайр аз он, ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус дар Осиёи

Матни пурра
Аз шаҳри Душанбе 5 нафар  аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

🕔11:14, 27.Мар 2020

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон – интихобкунандагон номзадии Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур,

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Март 2020
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Фев   Апр »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-