ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. 16 нуқтаи хатна, 6 ҳуҷраи таваллуд, 8 толори кошонаи ҳусн ва 14 сартарошхона — пешниҳоди аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид

Март 23, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаҳои ҷамоатҳои дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, чун Чашмасор, Дадобой Холматов ва Исмоил  аз рӯи дархост ва эҳтиёҷот 16 адад нуқтаҳои хатна, 6 адад ҳуҷраи  таваллуд, 8 адад толори кошонаи ҳусн ва 14 сартарошхона мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳадаф аз бунёди ин муасисаҳои тандурустиву хизматрасонӣ — боз ҳам  обод кардани  деҳаву  маҳали  аҳолинишини шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи тандурустӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва оҷилан расонидании ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин дастрасии саривақтӣ ба хизматрасонии иншооти иҷтимоӣ мебошад.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода бо истинод ба маълумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, то соли 2021 бунёду навсозии беш аз 1300 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар назар буда, то имрӯз иншооти зиёд сохта шудаанд.

Масъулини ноҳия азм доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  бо дарназардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ дар ҳар як ҷамоату маҳалли аҳолинишин ва деҳаҳо бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, китобхона, бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти муҳими аввалиндараҷаи  иҷтимоиро роҳандозӣ намоянд.

Март 23, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст