ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкори маҳаллӣ дар Конибодом бинои истиқоматии бисёрошёна месозад

Март 18, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Самиҷон Қобилов  бинои истиқоматии бисёрошёна бунёд мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад. 

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод. Тавре зикр гардид, дар шаҳр аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Самиҷон Қобилов  бинои истиқоматии бисёрошёна ба истифода дода мешавад. Навбати аввали сохтмон бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои нақлиёт ва майдончаҳои бозии кӯдакон моҳи сентябри соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад.

Ҳамчунин то моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Конибодом майдони Нишони давлатӣ ба истифода дода мешавад. Нишони мазкур  дар маркази шаҳр ҷойгир буда, масоҳати умумии он 1 гектарро ташкил медиҳад,

Раиси вилоят бо ҷараёни навсозии собиқ кинотеатри ба номи Комил Ёрматов, ки дар ҳудуди боғи фарҳанг ва истироҳати  шаҳри Конибодом ҷойгир аст, шинос гардид. Бинои кинотеатр соли 1959 бунёд ёфта, айни замон дар мувозинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом қарор дорад. Навсозии бинои мазкур бо 500 ҷойи нишаст бо маблағгузории буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ карда мешавад.

Ҳамчунин бо маблағгузорӣ аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом навсозии боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр сурат мегирад. Боғи мазкур дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, масоҳати он 3,8 гектарро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Конибодом ҶСК «Конибодом» фаъолият мекунад, ки ба истеҳсоли конвсерва машғул мебошад. Айни замон дар он зиёда аз 70 нафар машғули коранд.  Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият  барои нигоҳдории 1200 тонна маҳсулот сардхона ва барои коркарди меваи хушк сехи банду баст ташкил намояд.

Дар ҷараёни сафар Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси соҳибкоронро хуш истиқбол намуда, ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани иншооти ба нақша гирифташуда, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи мамлакат тавсия дод.

Март 18, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд