Роҳбари корхонаи «Фарм Текс» Файзиддин Сайфуллоев: «Сокинон дилпур бошанд, мо қудрати таъмини аҳолии мамлакатро бо ниқобҳои худии босифат дорем»

Март 30, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 30.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати татбиқи тадбирҳои  пешгирӣ аз сирояти коронавирус  корхонаҳои саноатии мамлакат ба дӯхтани ниқоб ва истеҳсоли  дигар  маводи  истифодаи гигиенаи шахсӣ сафарбар гардиданд. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо  роҳбари корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» дар ноҳияи Данғара Файзиддин САЙФУЛЛОЕВ ҳамсуҳбат гардид.

Корхонаи мазкур истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ  таҳиягардида  ва маводи  истифодаи гигиенаи шахсиро  ба маротиб афзун  карда,  моҳи марти соли равон  ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ  истеҳсол намудааст. Айни замон корхона дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии   мамлакатро бо ин маҳсулот таъмин  менамояд.

Тавре  соҳибкори маҳаллӣ  Файзиддин Сайфуллоев иброз дошт,  корхонаи  «Фарм Текс» -и ноҳияи Данғара  ба  истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13  номгӯй маҳсулот истеҳсол менамояд.

“Мо имрӯз  бо дарназардошти вазъияти баамаломада талош дорем дар  таъмини саломатии аҳолӣ саҳми намоён  гузорем. Корхона   ба  истеҳсоли зиёди ниқобҳои   чандқабатаи  докагӣ бо истифодаи  пахтаи гигроскопии сафедкардашуда шурӯъ кардааст. Ниқобҳои омоданамудаи корхонаи мо талабгорони зиёд доранд, зеро нисбат ба  ниқобҳои аз хориҷ воридшуда босифату ҳангоми пӯшидан мувофиқ мебошанд. Ҳангоми пӯшидани ниқобҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мо, ки  аз пахта ва докаи маҳаллӣ омода шудаанд, сокинон  худро  роҳат ҳис мекунанд. Далели ин рӯз то рӯз зиёд гардидани фармоишу дархост аз ҷониби  роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат ва дорухонаҳо ба ин ниқобҳо мебошанд. Мо шаҳрвандони мамлакатро мутмаин месозем, ки қудрати таъмини аҳолии мамлакатро бо ниқобҳои худии босифат  дорем”,- афзуд Ф.Сайфуллоев.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки  “афзалияти дигари ниқобҳои мо дар он аст, ки  яккарата нестанд. Ин ниқобҳо  баъди боэҳтиёт шустанашон  қобилияти муҳофизатии худро гум намекунанд ва онҳоро метавон дубора истифода бурд”.

Корхонаи «Фарм Текс»  дар як шабонарӯз имконият дорад 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

Ёдовар мешавем, ки 5 ноябри соли 2018  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  мавриди баҳрабардорӣ қарор додани  навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» дар ноҳияи Данғара  бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, хатҳои истеҳсолӣ ва дигар дастгоҳҳову таҷҳизоти корхона аз Германия дастрасу насб гардида, имконият медиҳанд, ки маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ бо сифати баланд коркарду пешниҳоди харидорон карда шавад.

Дар ҷамъият ду навъи маҳсулот — маводи басту банди тиббӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ дар асоси коркарди саноатии пахта истеҳсол гардида, тибқи таҳлили мутахассисон айни замон талабот ба чунин навъи маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ зиёд аст. Ҳамзамон барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли дискҳои пахтагӣ, чӯбчаҳои пахтагӣ, салфеткаҳои пахтагӣ ва инчунин аз омехтаи пахта ва маводи сунъӣ тавлиди дигар навъи маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» асосан пахтаи  пастсифатро коркард карда, бидуни истифодаи хлор тариқи технологияи муосир аз он пахтаи гиграскопии сафедкардашуда ва дигар номгӯи маҳсулоти тиббӣ омода менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки  корхонаи мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона буда, гузашта аз ин, тавлиди ин навъи маҳсулот дар  мамлакат  роҳандозӣ нагардида буд.

То ин замон  маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ қаблан аз хориҷи ҷумҳурӣ  ворид мегардид ва тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа ба стандартҳои ҷории тиббӣ ҷавобгӯ набуд.

Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарар истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд.

Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав воридоти ин номгӯй маҳсулот пурра аз хориҷи мамлакат  қатъ гардида, эҳтиёҷи соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат бо истифода аз иқтидори  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс” қонеъ карда мешавад. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ — пахта фаъолият намуда, дар марҳилаи аввал дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Айни замон зиёда аз 50 нафар  дар сехи дӯзандагии корхона соҳиби ҷои кори доимӣ  гардидаанд.

Корхонаи навтаъсис бидуни партов фаъолият намуда, пасмондаҳои маҳсулот барои дӯхтани кӯрпа,  кӯрпача, ҷома ва дигар номгӯй либос ба занони хонашини соҳибҳунар тақсим карда мешаванд, ки аз ин ҳисоб онҳо даромад ба даст меоранд.

Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» аз биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати қариб 4000 метри мураббаъ ба истифода дода шуд.

Пас аз ифтитоҳи навбати аввали корхона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» санги асос гузошта    буданд.

Пешвои миллат зимни боздид аз ин корхона  ба масъулин барои рушди истеҳсолот, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Март 30, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд