Бадахшон: интихобот дар тамоми ҳавзаҳо бомаром идома дорад

Март 1, 2020 14:55

ХОРУҒ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон субҳи барвақт муташаккилона оғоз гардид.

Интихобкунандагон бо дарки масъулият ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои арзанда овоз медиҳанд.

Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят 2 ҳавзаи якмандатии интихобот- ҳавзаи интихоботии Ванҷ, рақами 40 ва ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41 таъсис дода шудааст.

Тавассути Ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ дар маҷмӯъ 14 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст, ки дар ҳамаи участкаҳо шароити мусоиди овоздиҳӣ фароҳам мебошад. Хусусан барои нафарони имконияташон маҳдуд кабинаҳои алоҳидаи овоздиҳӣ ва ҷиҳати бе монеа ворид шудан ба бинои участка тариқи аробачаҳои маъюбӣ гузаргоҳҳои махсус низ сохта шудаанд.

Дар маҷмӯъ дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41, ки  шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва қисман ноҳияи Шуғнонро фаро мегирад, 124 участкаи интихоботӣ мавҷуд аст. Аз шумораи умумии интихобкунандагони ин ҳавза 1 ҳазору 260 нафар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бори аввал иштирок мекунанд.

Масъулони Ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41 мегӯянд, ки давоми рӯз, яъне то замони ҷамъбасти овоздиҳӣ, ки соати 20:00-и имшаб муқаррар шудааст, интихобкунандагоне, ки  бо сабаби беморӣ ва ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада наметавонанд, аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот қуттиҳои сайёр ташкил карда шуда, дар ҳузури нозирону намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шахсони боэътимод овоздиҳии онҳо пурра таъмин карда мешавад.

Интихобот дар ҷомеаи демократӣ падидаи муҳим маҳсуб меёбад ва иштироку таваҷҷуҳи имрӯзаи мардум дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо  барои ояндаи давлату миллати худ бетараф нестанд ва бо интихоби номзади арзанда  ва ё ҳизби сиёсӣ дар  пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.

Март 1, 2020 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид