Дар ноҳияи Ёвон 11 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуданд

Март 30, 2020 16:35

ЁВОН, 30.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода ва меҳмонону дигар масъулини мақомоти иҷроия 11 иншооти таъйиноташон гуногун, ки аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Мудири шуъбаи рушди итимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар арафаи таҷлили  ҷашнҳои таърихӣ   майдончаи варзишӣ барои футболи хурд  дар деҳаи Якуми май  ба маблағи 120 000 сомонӣ бо саҳми соҳибкор Сафаралӣ Султонов, мағозаи 2-қабата дар деҳаи Наврӯзӣ  бо саҳми соҳибкор Баҳодур Муқимов ба маблағи 77 000, мағозаи 2-қабата дар деҳаи  Бошқайнар бо саҳми соҳибкор Баҳром Муртозов ба  маблағи 62000 сомонӣ, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд дар деҳаи С.Шерозӣ  бо саҳми соҳибкор Баҳриддин Тураев  ба маблағи 123 000 сомонӣ, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд дар деҳаи  С.Шерозӣ  бо саҳми соҳибкор Алихон Сатторов ба маблағи 133000 сомонӣ, дорухона дар деҳаи Фирдавсӣ бо саҳми соҳибкор Юсуфҷон Ҳикматов ба маблағи 65000 сомонӣ, майдончаи варишӣ барои футболи хурд дар деҳаи Анористон  бо саҳми соҳибкор Лоиқ Қурбонзода ба маблағи 155000 сомонӣ, хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Оби Мӯкӣ бо саҳми оилаи Алиевҳо ба маблағи 180000 сомонӣ, панҷ синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №67 ба маблағи 140000 сомонӣ бо саҳми маҳал ва  60000 сомонӣ саҳми сокини деҳа Маъруф Қаҳҳоров бо ташаббуси соҳибкорону сокинон бо таъсиси зиёда аз 16 ҷойи кори доимӣ  ба истифода дода шуданд, ки дар рушди иқтисодии ноҳия ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони маҳал таъсири хуб мерасонанд.

Аз 341 иншооте, ки бунёди онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст, то имрӯз 210-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Корҳои ободкорию созандагӣ дар ноҳия бомаром идома доранд.

Март 30, 2020 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд