ДАР РОҲИ ТАҒЙИРОТИ БУНЁДИИ ИЛМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар

Март 23, 2020 17:39

ДУШАНБЕ, 23.03.2020. /АМИТ “Ховар”/. Хеле ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки  ҳар мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиё ҳамасола як ҳадафи нек ва баланди миллиро пешорӯи мо мегузорад ва як барномаи мушаххас ва ҷиддиро дар ҷодаҳои пешрафту  дастовардҳои миллӣ пайгирӣ менамояд.Дар ин суҳбатҳо пайваста барномаи ташаккули маънавии халқи мо, барномаҳои стратегие, ки барои расидан ба ҳадафҳои баланди миллӣ андешида шудаанд, рӯи кор меоянд. Мулоқоти имсола низ аз тамоми суҳбатҳои пешина ба куллӣ фарқ дошт ва бо тозагониҳо ва масъалагузориҳои  мубрами рӯз уфуқҳои нави амалу кор ва пешрафти маънавии кишварро, хусусан дар соҳаи илм ва ихтироъкориҳо, ба рӯи мо боз гардонд. Воқеан ин маърӯза, ки бо иштироки олимону донишмандон, аҳли маориф, адибону ҳунармандон ироа гардид,  саросар бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва равшангароӣ баён ёфта, асосан ба аҳли илм ва масъалаҳои мушаххаси рӯзгори илмӣ, навовариҳои илмӣ, баланд  бардоштани сатҳ ва муҳити илми муосир ва вобаста ба ин иқтисодиёти кишвар ва некӯаҳволии мардум бахшида шуда буд, — иброз медорад Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ.

Дар зимн, матни пурраи андешаҳои мавсуф пешкаши хонандагони  АМИТ “Ховар” гардонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки нақши зиёӣ дар ин даврон – даврони эҳёи дубораи миллат ва сарзамини куҳанбунёдамон дар кишвари соҳибистиқлоли мо хеле бузург арзёбӣ мешавад, зеро эҳёи маънавиёти баланд, барқарор кардани арзишҳои илмию фарҳангиро пайгирӣ менамояд. Дар маърӯзаи Президенти муҳтарами кишвар дар мавриди  саҳми муносиби зиёиён дар таҳкими давлатдории навин, муаррифии илму адаб, фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшул ва санъату ҳунар таъкид шудааст. Ҳамчунин  Президенти кишвар саҳми зиёиёни мамлакатро дар мавриди эҳёи  ҷашнҳои миллӣ, суннату оинҳо, таҳқиқи онҳо, пажӯҳиши сарчашмаҳо, таҳқиқот ва эҷоди рисолаҳои пурарзиш  таъкид намуданд.

Суханронии имсолаи Президент асосан ба дастоварду таҳқиқоти илмӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ гардидани онҳо бахшида шуда буд. Зеро воқеан имрӯз рушди муваффақонаи ҳар кишвар аз пешрафти илм ва амалӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагӣ дорад. Сарвари кишвар таъкид доштанд, ки бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву  коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ ҳеҷ кишвар наметавонад қадаме ба пеш гузорад. Маҳз дар ҳамин доира – доираи рушди илмҳои муосир саноатикунониии  босуръати кишвар – ин ҳадафи чоруми  стратегии мамлакат эълон гардид.

Камол Насрулло

Аммо бе тафаккури техникии аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи  ҷаҳонбинии  ҷомеа намешавад ин ҳадафро амалӣ кард. Аз ин рӯ бе ҳадаф нест, ки  солҳои 2020 – 2040  бистсолаи  омӯзиш ва рушди  фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидаанд, ки боз ҳам як ҳадафи тозаи дурбинонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатро нишон медиҳанд.

Ба андешаи дурбинонаи Президентамон асри 21 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияи навин мебошад ва дар чунин вазъият рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирии дастовардҳои илмӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани  онҳо вобастагии амиқ дорад.

Вобаста ба ин Президенти кишвар дар назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазифа гузоштанд, ки дар асоси талаботи нав ва бо ҳадафи мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар карда шавад. Аз рӯи фанҳои зикршуда ба роҳ мондани озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳиявиро бо афзун кардани шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани ғолибон таъкид доштанд.

Дар ин маврид Сарвари давлат аз дастовардҳои илмии гузаштагони мо, чун намунаи ибрат далелҳо оварда кашфиётҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигаронро, ки аз ҷониби олимони олам пазируфта шудаанд, намунаи ибрат оварданд.

Имрӯз дастовардҳое, ки дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шуданд, метавонанд заминаҳои хубе барои боло бурдани соҳаҳои мухталифи илми кишвар гарданд.

Аз ин рӯ Сарвари кишвар дар суҳбаташон бештар доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онон ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ андеша баён намудаву дастурҳо доданд.. Дар суханронии Президенти муҳтарам муваффақият ва камбудиву норасоиҳои ин соҳаи ҳаётан муҳими кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин замина барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Президенти кишвар таъкид карданд, ки бояд ба пешрафти илмҳои бунёдиву техникӣ ва технологиву инноватсионӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Хусусан мавзӯъҳои фармоиширо ба рушди иқтисодиёти кишвар мутобиқ гардонида, ба тарбияи кадрҳои илмӣ ва тақвияти нерӯи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа дода, маблағгузории соҳаи илм, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудааст, баланд бардошта шавад.

Президент дар хусуси нокифоя будани шумораи кадрҳои дараҷа ва унвонҳои илмидошта, ходимони илмии болаёқат дар аксари муассисаҳо ибрози назар карданд. Ба ин муносибат коҳиш ёфтани иқтидори кадрии Академияи илмҳоро нисбат ба солҳои пешин ёдрас намуданд. Ҳатто далелҳое чунин оварда шуданд, ки дар муқоиса бо соли 1985 теъдоди номзадҳои илм қариб 300 нафар камтар гардидааст. Президенти кишвар низ дар мавриди саҳлангорӣ дар  интихоби мавзӯъҳои илмӣ ва кам будани маблағгузорӣ ба илмҳои барои кишвар зарурӣ низ баёни андеша намуда, супориш доданд, ки  самаранокии маблағгузории буҷети лоиҳаҳои фармоишии илмиву тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба тартиби  вобаста кардани лоиҳаҳои илмӣ ва мавзӯъҳои фармоишӣ дар байни муассисаҳои илмӣ ва олимон  бознигарӣ карда шавад.

Имрӯз кашфиётҳое, ки дар соҳаҳои риёзӣ, физика, химия, биология, геология, физиология ва генетикаи растаниҳо ба даст омадаанд,  талаботи давлатро қонеъ карда наметавонанд.

Президенти кишвар вобаста ба ин дар мавриди ба роҳ мондани баъзе таҷҳизоти техникӣ, ки маҳсули кори олимони тоҷик бошад ва ё навъҳои гуногуни тухмии зироатҳо, ки истеҳсоли худамон бошад, сухан карданд.

Зеро то ба ҳол тухмии бисёр навъҳои зироат аз хориҷи кишвар оварда шуда, тамоми таҷҳизоту технология, ҳатто молҳои талаботи ҳаррӯзаи мардум аз беруни мамлакат харидорӣ карда мешаванд.

Президенти муҳтарам ҳамчунин аз хусуси дар истеҳсолоти ватанӣ кам татбиқ шудани натиҷаҳои таҳқиқотҳои олимони тоҷик ва ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда нашудани робитаҳои институтҳои Академияи илмҳо бо вазорату кумитаҳои соҳавӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои истеҳсолии хусусӣ таъкид карданд.

Дар маърӯзаи Президенти муҳтарам ҳамчунин ба сабаби кадом камбудиҳо ғайриимкон гардидани тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва тадқиқоти бунёдӣ дақиқан нишон дода шудааст.

Президенамон ҳамчунин аз хусуси нарасидани таҷҳизоти зарурӣ ва маводи кимиёвӣ дар озмоишгоҳҳои санҷишӣ барои сифати маҳсулот арзи нигаронӣ кардаанд.

Дар мавриди пажӯҳишҳои бостоншиносони кишвар, қаноатбахш ба роҳ монда нашудани корҳо дар ин соҳа низ ибрози назар карда шуд.

Баррасии корҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои таърихии Тахти сангин, Ҳулбук, қалъаҳои Кӯлоб, Ямчун, Шайдони Сари Хосор, ёдгориҳои Кангурт, Золи Зард, Носири Хусрав ва Саразм аз ҷониби Президентамон ҷолиб буда,  ба талабот ҷавобгӯ набудани маводҳои муаррифишуда доир ба онҳо таъкид  гардидааст.

Андешаҳои Президенти  кишвар дар мавриди осори хаттии забоҳои гуногун, хусусан забонҳои қадима ва тарҷумаи асарҳои таърихию илмии донишмандон, осори манзуму мансури адибони классик ва муосир ва зиёд будани мавзӯъҳои таҳқиқталаб низ раҳнамои ҷолиб барои мутахассисон аст.

Яке аз падидаҳои ҷолиб дар маърӯзаи Пешвои миллат  супориш аз хусуси муайян намудани номгӯи равияҳои  афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва дар муддати се моҳ аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардани онҳост.

Яке аз мавзӯъҳои ҷолиб дар ин суҳбат, дар баробари таҳлили фаъолияти Академияи илмҳо,  баррасии фаъолияти академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои олии касбӣ ва нақши онҳо дар равнақи илми ватанӣ мебошад, ки дар ин маврид Президент мушаххасан андешаронӣ намудаанд.

Хеле ҷолиб аст, ки дар тавсияи худ ба Академияи таҳсилот Президенти кишвар оид ба диққати аввалиндараҷа додан ба масъалаи дурнамои рушди маориф, мақоми мактаби муосир, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзиу дақиқ ва ташаккули зеҳнияти хонандагону донишҷӯён пешниҳодҳои мушаххас манзур намудаву дастуру  супоришҳо доданд.

Ба ҳамин тариқ дар мавриди академияҳои соҳавии дигар низ Президенти кишвар мушаххасан ибрози андеша ва масъалагузориҳо намуда, дастурҳои ҷолиб ва раҳнамо манзур намуданд.

Пешвои миллат дар мавриди фаъолияти кафедраҳои тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии  касбӣ ва сифати омода кардани омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ,  оид ба ниёз доштани онҳо ба навсозӣ ва ислоҳот ибрози мушаххаси андеша карданд.

Яке аз нуктаҳои ҷолиб дар маърӯза ин андешаи Президент аст, ки дар оянда мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на аз рӯи шумораи хатмкунандагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда ва дастовардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқгардида муайян карда шавад.

Бидуни шубҳа, ҷиҳати ҷолиби дигар аз ҷониби Пешвои миллат баланд бардоштан ва афзун сохтани теъдод ва маблағи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд. Ин ки теъдоди онҳо аз 400 нафар ба 3000 бардошта шудаву андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар гардид ғамхории бесобиқаест барои дастгирӣ ва ҳавсмандкунии наврасони болаёқат.

Ҳамин гуна ғамхорӣ дар нисбати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ зоҳир гардида, шумораи гирандагони стипендияҳои президентӣ аз 100 то ба 500 ва барои аспирантҳои мактабҳои олӣ аз 15 то 50 нафар зиёд карда шуд.

Яке аз масъалаҳои дигари мубрами рӯз, ки Президенти кишвар ба миён гузоштанд, истеҳсоли доруворӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ мебошад, ки дар замони рушди босуръати технологтяҳои замони муосир ногузир аст. Президент дар хусуси кам истифода шудани ашёи хоми ватанӣ барои коркард ва истеҳсоли таҷҳизоти гуногуни тиббӣ ба олимони кишвар муроҷиат карда гуфтанд, ки дар ин ҷода бояд онҳо чораҳои мушаххас биандешанд. Аз ин рӯ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки якҷоя бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар муддати се моҳ лоиҳаи қарори Ҳукуматро ҷиҳати барҳам  додан ва ба сохтори Академияи илмҳо ворид кардани Академияи илмҳои тиб пешниҳод намояд.

Президенти муҳтарам дар хусуси қаноатманд набудани  навовариву ихтироот ва бозёфтҳои илмӣ дар фаъолияти Академияи кишоварзӣ низ ибрози андеша намуда, камбудиҳоро мушаххасан нишон дода, аз хусуси вазъи парвариши меваҳои ба содирот нигаронидашуда, сифати тухмии ғалладона,  намудҳои серҳосили пахта,  чорводорӣ, хусусан дурагакунии чорвои хушзот, навъҳои тоҷикии чорвои хурд ва калон, соҳаҳои паррандапарварӣ ва моҳидорӣ ибрози андеша намуда,  супоришҳои муфид доданд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади ҳамоҳагсозии илму истеҳсолот дар муддати се моҳ ҷиҳати таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи Президент пешниҳодҳо манзур шаванд.

Президенти кишвар дар хусуси пеш нарафтани илмҳои геология ва минералогия дар кишвари мо, ки 93 фоизашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, низ ибрози нигаронӣ  намуданд. Масалан, гуфта шуд, ки соҳибкорони ватанӣ ҳар сол барои ба кишвар овардани сангҳои табии ороишӣ беш аз 20 миллион доллар сарф мекунанд, вале геологҳои мо ягон лоиҳаи асосноки илмиро ҷиҳати истифода аз сангҳои табиии худамон ба Ҳукумат ё соҳибкорон пешниҳод накардаанд.

Пешвои миллат бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар кардани сифати  таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ мушаххасан чордаҳ масъаларо пешниҳод намуданд, ки аз иҷрои онҳо беҳбудии кори Академияи илмҳо ва тамоми муассисаҳои илмии кишвар вобастагӣ хоҳанд дошт.

Албатта, як нуқтаи ҷолиб дар ин мулоқот додани мақоми миллӣ  ба Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки ҳозирин бо кафкӯбиҳо самимона қабул карданд. Дигар ин ки аз ҷониби Сарвари кишвар бо нияти ҳавасмандкунии мутахассисон пешниҳод шуд, ки ҳар сол 15 нафар олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ шоистаи мукофоти давлатӣ  дониста шаванд.

Сарвари кишвар дар хусуси кам будани шумораи рисолаҳои ҳимояшуда дар муқоиса бо кишварҳои пасошӯравӣ сухан ронда, аз хусуси беш аз дуним баробар зиёд будани рисолаҳои ҳимояшуда дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ нисбат ба самтҳои техникиву табиатшиносӣ ва риёзӣ ибрози нигаронӣ доштанд. Илова ба ин таъкид шуд, ки  доир ба  соҳаҳои бисёр муҳим, аз қабили мудофиа, генетика, экология, заҳршиносӣ, силшиносӣ, физикаи электронӣ, динамика, электроникаи нерӯӣ, геохимия, манбаъҳои барқароршавандаи энергия шӯроҳои илмӣ таъсис наёфтаанд ва мутахассисони ин соҳаҳо дар кишвар ниҳоят кам мебошанд.

Сарвари кишвар, аз ҷумла. дар хусуси паст будани сифати рисолаҳои докториву номзадӣ андешаҳо баён доштанд. Президенти муҳтарам аз хусуси  дар соҳаҳои ғайриилмӣ дар вазифаҳои масъул  кор кардаву аз рӯи ихтисосҳои аз самти фаъолияташон дур рисолаҳои илмӣ таълиф ва ҳимоя карда, соҳиби дараҷаҳои илмӣ гардидани баъзе ашхос низ изҳори нигаронӣ доштанд.  Сарвари кишвар аз хусуси 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, низ баёни андеша доштанд ва аз зиёнҳои чунин зуҳурот андешаҳо ронда,  барои пешгирии онҳо дастурҳо  пешниҳод карданд.

Бидуни шубҳа, душвор аст, фаро гирифтани тамоми масъалаву масоил ва андешарониҳои Пешвои миллат дар як мақолаи хурди таҳлилӣ  ва баҳогузорӣ ба онҳо.  Маърӯзаи Пешвои миллат дар ин мулоқот чун ҳамеша ҳуҷҷати раҳнамо ва барномаи доманадорест, ки бояд пайваста мавриди омӯзиш ва амали ҳамагон қарор бигирад.

Умуман, ба андешаи банда, мулоқоти навбатии Президенти кишвар бо аҳли зиё, хусусан олимони кишвар, аз ҷиҳати он ки дар он ҷиддитарин масъалаҳои ҳаёти илмии мамлакат бори аввал чунин олимонаву эҷодкорона ва бо камоли коршиносӣ,   бо фарогирии ҳадафҳои бузурги илмиву миллӣ мавриди муҳокимаи умум гузошта шуд, бесобиқа аст. Ин маърӯза беҳтарин ҳуҷҷат ва раҳнамо дар роҳи тағйироти бунёдии илми муосири мо, муҳити илмӣ дар кишвар ва дурнамои он аст ва гумон дорам он як такони гарме барои бедорӣ, бахудоӣ, таҷдиди назар ва пайгирии ҳадафҳои бузургу муфид дар ҳаёти илмии кишвар хоҳад буд.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии “АМИТ” Ховар.

Март 23, 2020 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад