ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗ ВА ШАРАФ АСТ. Имрӯз дар ҳузури Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ ҷаласаи корӣ доир гардид

Март 31, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар «Кохи афсарон»-и шаҳри Душанбе дар арафаи оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ таҳти сарварии Раиси Комиссия, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода доир гардид.

Дар ҷаласа  сардори ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ —  муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбӣ, сардорони раёсатҳо, хадамотҳои дахлдори Вазорати мудофиа ва ситоди генералӣ, масъулини вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат  ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа сараввал  маъракаи даъвати солҳои пешинро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба рафъи мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули шаҳру ноҳияҳои мамлакат изҳори  андеша  намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Аз ин лиҳоз Ширин Исматуллозода зарурияти иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар сатҳу сифати  баланд ба роҳ мондани даъвати навбатии  ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ,  ҷалби фарзандони шахсони мансабдор  ба  сафи Артиши миллӣ,   сари вақт  расонидани даъватнома, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани даъватшавандагон, ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахдор ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ҷумҳуриро  таъкид намуд.

Зикр гардид, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ барои пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёд гардидааст ва ин имкон медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолӣ беҳтаринҳо ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ шомил шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус  4 марти соли 2020 ба имзо расида, тибқи он хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2020 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Инчунин,  дар ин давра  шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Март 31, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд