Кумитаи иҷроияи ИДМ: Роҳбари ҳайати нозирони ИДМ Сергей Лебедев аз участкаи интихоботӣ дар Душанбе боздид намуд

Март 2, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /аМИТ «Ховар»/. 1 март Раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, роҳбари ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лебедев   аз як участкаи интихоботии  Душанбе дидан карда, гуфтааст, ки иштироки фаъоли интихобкунандагон  аз  ҳавасмандии сиёсии шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот шаҳодат медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Дар интихобот дар маҷмӯъ, беш аз 4,9 миллион нафар  сабти ном шудаанд, онҳо метавонанд то соати 20:00 дар 3450 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар хориҷи мамлакат овоз диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати мушоҳидон 158 нозир аз ИДМ сабти ном гардидаанд, ки фаъолияти худро тибқи Конвенсия дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқҳои интихоботӣ ва озодиҳо дар кишварҳои узви ИДМ, дигар ҳуҷҷатҳои дар доираи Иттиҳод амалкунанда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни мудохила ба ҷараёни интихобот ва эҳтироми соҳибихтиёрии давлат роҳандозӣ намудаанд.

АКС аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Март 2, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин