«МО ҲАМА КИШТИНИШАСТАГОНЕМ ВА НОМИ ИН КИШТӢ ЗАМИН АСТ». Андешаҳо дар бораи гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Март 16, 2020 14:12

ДУШАНБЕ, 16.03.2020/ АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 11 марти соли равон Департаменти давлатии ИМА гузориш* дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар зиёда аз 100 кишварро интишор намуда, дар он изҳор доштааст, ки мақомоти Тоҷикистон, чун солҳои қаблӣ, ба рушди гуногунандешии сиёсӣ дар кишвар монеа эҷод мекунанд. Департаменти  мазкур мамлакати моро «кишвари худкома» номидааст, ки дар он «Президент ва тарафдорони ӯ вазни зиёди сиёсӣ доранд» ва дар ҷумҳурӣ  «шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбат ба маҳбусон татбиқ мешавад». Муаллифон роҷеъ ба мушкилоти ҷиддии марбут ба мустақилияти низоми судӣ, «шароити вазнину хатарбор ба ҳаёт дар маҳбасҳо», доир ба сензура, бастани сомонаҳо,  дар бораи гӯё мавҷуд будани «маҳдудиятҳо дар  озодиҳои динӣ», коррупсия ва «непотизм» дар сохторҳои давлатии Тоҷикистонро ёдовар шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон танқиди Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон «беасос» ва «дахолат ба умури дохилии давлат» номид. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ чунин мешуморанд, ки гузориши Департаменти давлатии ИМА дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон «танҳо санади дохилӣ» аст ва ин гуна бархӯрд «ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарокати ду давлат ҷавобгӯ буда наметавонад».

 «Чунин кӯшишҳо ба принсипҳои муқаррарнамудаи Оинномаи СММ, аз ҷумла эҳтиром ба соҳибихтиёрии  давлатҳо ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мухолифат мекунанд», омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки 13 март интишор шуд (ниг. ба www.khovar.tj  аз 13 марти соли 2020).

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки муаллифони гузориш мавқеи сохторҳои давлатиро ба инобат нагирифтаанд.

Мухбири АМИТ «Ховар» тасмим гирифт бифаҳмад, ки воқеан намояндагони   муассисаҳои давлатӣ  дар бораи ин гузориш чӣ  андеша  доранд.

 Рустам ҲАЙДАРОВ, муовини директори Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа:

— Маълумоте, ки Департаменти давлатии ИМА дар гузориш дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон интишор кардааст, дар ҷомеаи тоҷик  боиси ҳайрат гаштааст. Норӯшан аст, ки муаллифон  дар асоси кадом таҳлилҳо ва пурсишҳои амиқ гузориш таҳия намудаанд. Мехостам чанд андешаро дар ин бора баён кунам.

Агар Департаменти давлатии ИМА аз озодии сухан ҳимоят мекунад, пас чаро  ба рӯзноманигорони шабакаи телевизионии «Russia Today» барои фаъолият дар кишвар аккредитатсия намедиҳад? Далели асосии Департаменти давлатӣ он аст, ки гӯё «Russia Today» иттилооти яктарафа ва муғризона паҳн менамояд. Пурсида мешавад, ки принсипҳои эҳтиром ба озодии сухан  чӣ мешаванд?!

Магар имрӯз  бахши тоҷикии радиои «Озодӣ»  маълумоти якҷониба ва муғризонаро дар бораи Тоҷикистон паҳн намекунад? Агар Тоҷикистон  аз рӯи мантиқи  Вазорати умури хориҷии ИМА кор гирад,  пас набояд  ВАО-и хориҷиро, ки дар бораи кишвари мо ахбори ғаразнок паҳн месозад, ба қайд гирад. Чаро бахши тоҷикии  радиои «Озодӣ», ки дар Тоҷикистон расман сабти ном шудааст, ба тарғиби гурӯҳҳои сиёсии дар  мамлакат  мамнуъ машғул аст? Хадамоти радиои «Озодӣ» хуб медонад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон  рӯзноманигорон уҳдадор шудаанд, ки фаъолияти хешро мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд. Танҳо дар сурати  риоя намудани чунин шартҳо   ВАО, аз ҷумла  шабакаҳои радио ва телевизиони  хориҷӣ дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта мешаванд. Дар ин маврид саволе ба миён меояд, ки оё бахши тоҷикии радиои «Озодӣ»  ҳангоми  тарғиби афкори тахрибкоронаи гурӯҳҳое, ки дар фазои ҳуқуқии Тоҷикистон   гурӯҳи террористӣ – экстремистӣ  эълон шудаанд ва дар ин  бора Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне санади ҳуқуқӣ мавҷуд аст,  магар рӯирост қонунгузории Тоҷикистон ва уҳдадориҳои  худро вайрон намекунад?

Дар гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин омадааст, ки гӯё озодии дин дар ҷумҳурии  мо маҳдудият дорад. Ҳамин кофист, ки омори шахсони ба ҳаҷрафтаро бингарем ва  бовар ҳосил кунем, ки изҳороти Вазорати умури хориҷии Амрико беасос аст, яъне дар  мамлакати  мо дар доираи қонунгузории Тоҷикистон барои диндорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Оё муборизаро алайҳи таассуби динӣ ва гурӯҳҳое, ки  исломро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода менамоянд,   метавон  чун маҳдудияти динӣ дар мамлакат  арзёбӣ кард? Халқи  тоҷик бо вуҷуди мусулмон буданаш мехоҳад, ки дар  давлати  озоду дунявӣ зиндагӣ намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша мекӯшад, ки ҳар  иқдоми Амрикоро   дар мубориза алайҳи терроризм  ва ифротгароёни динӣ дар минтақа дастгирӣ намояд. Инчунин  ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ташаббусҳои сулҳхоҳонаи Амрико дар Афғонистон ва дар  Осиёи Марказӣ  мебошад. Дар робита ба ин, Вазорати умури хориҷии Амрико низ дар навбати худ бояд дӯстро аз душман   фарқ кунад,

Маъруфҷон АБДУҶАББОР, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Мо ба ин назарем, ки барои рушду нумӯ ва ислоҳи мушкилиҳо дар баробари иқтидору имкон, ҳамзамон омили вақт таъсири асосӣ дорад. Дар ИМА, ки дорои таърихи зиёда аз дусадсолаи давлатдорӣ мебошад, то нимаи дуюми асри ХХ дар самти ҳуқуқи табааҳои гуногун мушкилоти ҷиддӣ  мавҷуд буд. Хушбахтона, ин мушкилот тадриҷан ҳалли худро пайдо намуд. Яъне барои то ба ин сатҳ омада  расидани ИМА ва ҳалли нисбии мушкили  нақзи ҳуқуқи инсон зиёда аз 200 сол лозим шудааст.  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи 29-солаи давлатдории мустақил, ки ҳадди ақал даҳсолаи аввали он барои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи оқибатҳои он сарф шудааст, кӯшиш намудааст, ки дар ҳама соҳаҳои давлатдорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

Аз ҷониби дигар, барои баҳо додан ба вазъи воқеии ягон кишвар бояд маълумоти омори расмӣ, тадқиқоти созмонҳои бонуфуз, назарсанҷиҳои асоснок, маълумоти ташкилоти илмию таҳқиқотии дахлдор ва иттилооти амсоли дигари он ҳамчун гувоҳӣ ба хулосаҳои баровардашуда истифода бурда шаванд. Зеро такя кардан ё иқтибос овардан аз таҳқиқоти сотсиологию маркетингие, ки нодуруст ё ба таври ғаразнок  доир карда  шудаанд, инчунин изҳороти  гуруҳҳои манфиатдор ва маълумоти санҷиданашуда ва амсоли он хоси баҳогузориҳои сиёсӣ набуда, балки бештар ба унсурҳои муборизаҳои иттилоотии анъанавию шабакавӣ дар ҷаҳони муосир шабоҳат доранд, ки вазъи воқеиро ҳаргиз инъикос карда наметавонанд.

Аз таҳлили гузориши нашршуда  чунин натиҷа  баровардан мумкин аст, ки ИМА бар маълумоти ин ё он шахс, гурӯҳ ё ташкилоти ҷамъиятӣ такя намуда, ҳама гуна санадҳои расмиро нодида гирифтааст. Воқеан ҷойи таассуф аст, ки як давлати бузурги ҷаҳон, ки дорои қудрати фарохтари пайдо кардани маълумоти мӯътамад  аст, такя ба сарчашмаҳое мекунад, ки заиф, беасос ва аз воқеият дур мебошанд.

Шигифтовар он аст, ки гузориши мазкур бо ҷумлаи «Тоҷикистон давлати авторитарӣ мебошад» оғоз мегардад. Ин худ ифодаи беэҳтиромии бузург нисбат ба Конститутсияи Тоҷикистон аст. Зеро дар моддаи якуми ин Конститутсия ба таври возеҳ ва дақиқ ишора шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Чунин нобоварӣ  ва нигоҳи манфӣ ба ҳаёти сиёсии кишварҳо, дарвоқеъ, ба эътимоди байниҳамдигарӣ  халал ворид месозад.

Сайдалӣ СИДДИҚ, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар»:

— Гузориши Департаменти давлатии ИМА воқеиятро дар ҷумҳурии  мо инъикос намекунад, зеро он маъмулан   яктарафа,  яъне дар асоси  маълумотҳои  ВАО, назари ташкилотҳо ва созмонҳои ғайритиҷоратию  ғайриҳукуматӣ, ки аслан ба  ҳукумат мухолифанд ва ҳаққи қаламу маблағгузорӣ ба онҳо аз хориҷа, аз ҷумла аз ИМА мерасад, омода мегардад. Дар гузориш мавқеъ ва иттилооти мақомоти  ҳукуматӣ  ва воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ба назар гирифта намешаванд.

Бале, дар гузориш беэътиноӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Муаллифон дар бораи сензура   менависанд, дар ҳоле ки дар моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Сензураи давлатӣ низоми назорати давлатии матбуот ва воситаҳои ахбори омма ва ниҳоди махсуси давлатии назораткунандае  мебошад, ки  кайҳо дар кишвпари мо барҳам дода шудаанд. Агар муаллифони гузориши Департаменти давлатӣ зери мафҳуми «сензура» пешгирии паҳншавии ғояҳои терроризму  экстремизм ва маълумотеро дар назар доранд, ки аз ҳақиқат дур аст ё дорои хусусияти тӯҳмату таҳқир буда, бадбинӣ ва адовати иҷтимоӣ, миллӣ, мазҳабӣ ё забониро    тарғиб мекунад,   пас чунин сензура дар ИМА низ буд ва ҳаст. Дар он ҷо низ мақомот фаъолияти ВАО-ро  бо мақсади маҳдуд сохтан ё пешгирии  паҳн намудани ғояҳо ва маълумоте, ки аз ҷониби ин  давлат  номатлуб  шуморида мешаванд, назорат  мекунанд. Ва ин, ба назари ман,  дуруст ҳам ҳаст. Воқеан, дар ИМА, гарчанде озодии сухан тибқи  тағйироту иловаҳои аввал ба Конститутсияи онҳо ҳимоя мешавад, он, дар навбати худ, бо як қатор қонунҳо ва қарорҳои судӣ маҳдуд  карда шудааст ва инро ҳама медонанд.

Дар гузориш айбдоркуниҳои аллакай маъмулгардида истифода шудаанд ва аз айбномаҳое, ки дар гузоришҳои қаблӣ дарҷ гардида буданд, фарқе надоранд. Аз ин рӯ, арзёбиҳои ҷудогонаи ин гузоришро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон  саҳеҳ  ва  беғаразона  номид.

Фикр мекунам, ки Департаменти давлатии ИМА-ро мебояд талаботро ба муаллифони чунин гузоришҳо бо назардошти касбияти онҳо, сифати маълумотҳои ҷамъоварда ва санҷишу таҳлил ва баррасии  ин маводҳо   бештар  намояд.

Ба назари ман, имрӯз, вақте  ҷаҳон дар остонаи буҳронҳои харобиовар ва  тағйироти ҷиддӣ   қарор дорад, хусусан бо назардошти пандемияи коронавирус, вазъ бояд  дигаргун  шавад. Мо бояд аз стереотипҳои мавҷуда даст кашем, кору зиндагиро бо тарзу шеваи нав ба роҳ монем,    ихтилофҳоро  як сӯ гузорем, якдигарро дарк намоем, бо ҳамдигар   боэҳтиромона ва  дӯстона муносибат кунем ва дар ҳалли мушкилот  кумак  намоем, зеро, чунон ки нависандаи машҳури  франсавӣ Антуан де Сент-Экзюперӣ боре гуфта буд: «Мо ҳама  киштинишастагонем ва номи ин киштӣ Замин аст».

___________________________________________

* Гузоришҳо оид ба вазъи ҳуқуқи инсон – гузоришҳои солонаи Департаменти давлатии ИМА ба Конгресс оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон мебошанд. Онҳоро Бюро оид ба масоили демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнати Департаменти давлатӣ омода мекунад. Гузоришҳо дар бораи давлатҳо бо ҳам муқоиса карда намешаванд. Онҳо аз соли 1977 инҷониб нашр мегарданд.

 

Март 16, 2020 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд